Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон дар кори иҷлосияи 76-уми Ассамблеяи Генералӣ  СММ иштирок мекунад

    Ҳукумат 20 Sentabr 2021 4519

    21 сентябр  Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар дебатҳои умумисиёсии дараҷаи олӣ дар иҷлосияи 76-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо видеомуроҷиат нутқ эрод мекунад.

    Сарвари давлати мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дидгоҳи худро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, нақши СММ дар вокуниши муттаҳид ба таҳдидҳо ва чолишҳои замонавӣ, инчунин моҳияти ислоҳоти амиқи демократӣ, ки ба мақсади бунёди Ӯзбекистони Нав, ки хусусияти бебозгашт пайдо менамояд, амалӣ мегарданд, пешниҳод менамояд.

    Дар нутқи роҳбари давлати Ӯзбекистон, бо назардошти мавзӯи мубоҳиса, ба масъалаҳои якҷоя паси сар намудани оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии пандемияи COVID-19 дар асоси тамоюли “ҳеҷ касро қафо нагузошта”, ки СММ эълон кардааст, таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад.

    Интизорӣ меравад, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон як қатор ташаббусҳои муҳимро пеш мегузорад, ки ба таҳкими сулҳу бехатарӣ, барқарорсозии иқтисодиёти ҷаҳонӣ, таъмини рушди устувор, амиқсозии мулоқот дар минтақа ва дар миқёси ҷаҳонӣ, пешбури ҳуқуқу озодии инсон, инчунин мубориза бо чунин мушкилоти фаромиллӣ, ба монанди тағирёбии иқлим, таназзули муҳити зист ва гуногунии биологӣ, хушкшавии баҳри Арал нигаронда шудааст.

    Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи ташаббусҳои дар суханронии сарвари давлатамон моҳи сентябри соли 2020 дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ба миён гузошташуда аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, ҳоло дар амал татбиқ карда мешаванд.

    Дар доираи амалисозии онҳо, аз ҷумла, чораҳо оид ба самаранок мубориза бурдан ба пандемия дастгирӣ карда мешаванд. Ҷумҳурии Ўзбекистон Кодекс дар бораи ӯҳдадориҳои ихтиёрии давлатҳоро дар давраи пандемия таҳия кард, ки матни он ба сифати ҳуҷҷати расмии Ассамблеяи Генералии СММ ҳамчун саҳми мамлакатамон ба саъю кӯшишҳои ҷаҳонӣ дар ин самт паҳн карда шуд.

    Моҳи майи соли 2021 Ассамблеяи Генералии СММ қатъномаи махсусеро қабул кард, ки минтақаи Аралро минтақаи навовариҳо ва технологияҳои экологӣ эълон мекунад. Фонди трасти бисёршарикӣ оид ба амнияти инсонӣ барои минтақаи Арал, ки таҳти шафоати СММ созмон дода шудааст, самарабахш фаъолият нишон медиҳад.

    Ҳафтаи гузашта якҷоя бо ЮНЕСКО дар шаҳри Хива Форуми байналмилалии фарҳангии «Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ» ташкил карда шуд.

    Моҳи ноябри соли 2021 дар Тошканд баргузории конфронси байналмилалӣ бахшида ба натиҷаҳои амалисозӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Нақшаи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба татбиқи Стратегияи глобалии зиддитерроризм пешбинӣ шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates