Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон маърӯзачии махсуси СММ-ро қабул кард

    Ҳукумат 7 Dekabr 2021 3918

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 декабр  Маърӯзачии махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳавасмангардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ дар шароити мубориза бо терроризм Фионнуалу Ни Аолайнро қабул кард.

    Сафари намояндаи воломақоми сохтори бонуфузи байналмилалӣ ба кишвари мо дар доираи татбиқи ташаббусу пешниҳодҳои сарвари давлатамон дар Иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт.

    Масъалаҳои рушди минбаъдаи муколамаи кушоду созанда аз рӯи рӯзномаи кунунӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир баррасӣ шуданд.

    Хусусияти пурсамари ҳамкорӣ ва пешрафти бузурги мамлакати мо дар ин самтҳои муҳим бо қаноатмандӣ кайд карда шуд.

    Ҳамин тариқ, Ӯзбекистон узви комилҳуқуқ аст ва дар фаъолияти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ фаъолона иштирок мекунад. Соли оянда ҷониби Ӯзбекистон дар мақомоти роҳбарикунандаи ин ниҳоди махсус намояндагӣ мекунад.

    Дар доираи Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар мамлакатамон чорабиниҳое, ки ба таъмини баробарии гендерӣ, озодии сухан ва дин, рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ нигаронда шудаанд, фаъолона ба амал бароварда мешаванд.

    Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ратификатсия карда шуд. Бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон қатънамаи ШҲИ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон дар давраи пандемия қабул гардида, конвенсияи дахлдор таҳия карда мешавад.

    Дар соҳаи амният як қатор қонунҳои бунёдӣ қабул гардида, ба қарибӣ Стратегияи панҷсолаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ба тасвиб расид.

    Маърӯзачии махсус талошҳои Ӯзбекистонро оид ба баргардонидани шаҳрвандони кишвар дар чаҳорчӯби амалиёти «Меҳр», офиятбахшӣ ва реинтегратсияи онҳо баҳои баланд дод. Бархӯрдҳои нав дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ махсусан қайд карда шуданд.

    Зимни суҳбат ба идомаи ҳамкориҳои наздик, пеш аз ҳама расонидани кӯмаки техникӣ ва мусоидат дар татбиқи барномаву лоиҳаҳо дар самти баланд бардоштани нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими нақши занон ва дастгирии ҷавонон, такмил додани қонунгузорӣ ва дигар соҳаҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.

    Оид ба бургузор намудани як қатор чорабиниҳои муштаракаи байналмилалӣ, ки ба таҳкими шарикии Ӯзбекистон бо мақомот ва институтҳои ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ нигаронда шудааст, ба мувофиқа расиданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates