Мулоқоти Президенти Ӯзбекистон бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ

    Ҳукумат 18 Noyabr 2022 5623

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 ноябр Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ, ноиб-президенти Комиссияи Аврупо Ҷозеп Боррелро пазируфт.

    Масъалаҳои минбаъд амиқсозии шарикии Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо ба мақсади ҳарчи зудтар барқарор гардидани иқтисодиёт пас аз пандемия ва рушди робитаҳои тарафайни байниминтақавӣ баррасӣ шуданд.

    Ба натиҷаҳои Мулоқоти вазирон дар шакли «Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ» ва Конфронси байналхалқии «Иртиботи тарафайни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Миёна: дарвозаи умумӣ барои рушди устувор», ки 17-18 ноябр дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, баҳои баланд дода шуд. Сарвари давлати мо ба роҳбари дипломатияи Аврупо барои дастгирӣ ва иштироки шахсиаш дар ин чорабиниҳои муҳим миннатдорӣ баён кард.

    Ҷозеп Боррел дар навбати худ сиёсати Ӯзбекистонро бобати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ҷонибдорӣ намуда, қайд кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин бобат ба пешрафти бузург муваффақ шудаанд. Иттиҳоди Аврупо ният дорад, ки минбаъд низ ҳамкориро бо давлатҳои минтақа дар соҳаҳои сиёсат, савдо, сармояҳо, рақамикунонӣ, тағйироти иқлим ва муҳити атроф, илм ва таълим вусъат диҳад.

    Дар ҷараёни муҳокимаи масъалаҳои рӯзмарраи байналхалқӣ ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо назардошти рушди вазъият дар Афғонистон эътибори махсус дода шуд.

    Бинобар коркарди муштараки «харитаи роҳ» оид ба натиҷаҳои конфронс дар Самарқанд ва ҳарчи зудтар ба мувофиқа расидани муоҳида дар бораи шарикӣ ва ҳамкории васеи байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо шартнома имзо шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates