Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташаббуси минбаъд васеъ гардондани ҳамкории бисёрҷанбаро дар доираи ИДМ пеш гузошт

    Ҳукумат 15 Oktabr 2021 6016

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 октябр дар ҷамъомади ҷашнии Шӯрои роҳбарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли алоқаи видеоконфронс ширкат намуд.

    Дар кори ҳамоиш, ки зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко барпо гардид, инчунин Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Молдова Наталя Гаврилитса, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, раиси Кумитаи иҷроия – Котиботи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат намуданд.

    Бинобар рӯзномаи ҷамъомад роҳбарони ҳайатҳо дар бораи инкишоф ва дастовардҳои ҳамкории бисёрҷониба дар тӯли 30 соли фаъолияти Ташкилот мубодилаи афкор намуданд, масъалаҳои минбаъд васеъ намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, ҳуқуқ ва маданиву гуманитарӣ ва инчунин дар бобати мубориза бо таҳдид ва хатар ба амният ва суботнокӣ дар минтақаро баррасӣ намуданд.

    Дар нутқи худ роҳбари давлатамон назари худро дар бобати самтҳои калидии мустаҳкам намудани шарикӣ дар доираи ИДМ баён кард.

    Аҳамияти таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар мамлакатҳои Иттиҳод махсус таъкид гардид.

    Дар шароити оқибатҳои пандемия динамикаи мусбати ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳамин тариқ, аз аввали соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷонибаи Ӯзбекистон бо шариконаш аз ИДМ қариб сеяк баробар афзудааст. Ҳамзамон нишондодҳои афзояндаи ҳам миқдорӣ ва ҳам сифатии табодули мол ба назар мерасад.

    Ҳамзамон ногузирии фаъолияти пурраи минтақаҳои озоди савдо дар фазои Иттиҳод бидуни маҳдудият ва мусодира қайд гардид. Бинобар ин пешниҳод гардид, ки дар асоси таҳлили маҷмӯӣ тавсияҳо доир ба минбаъд озод намудани сиёсати савдо дар доираи Иттиҳод омода карда шаванд.

    Бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи лоиҳаҳои муштарак ва роҳандозии алоқаҳои тиҷоратии дарозмуддат Президенти Ӯзбекистон пешниҳод намуд, ки рушди ҳамкории саноатӣ чун масъалаи калидии ҷанбаи иқтисодӣ дар фазои ИДМ дар соли 2022 муайян карда шавад.

    Ҳоли ҳозир бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон Барномаи дахлдори дарозмуддати ҳамкорӣ омода карда мешавад. Соли оянда дар мамлакатамон анҷуман ва намоишгоҳи ҳамкории саноатии Иттиҳод барпо мегардад.

    Роҳбари давлатамон ба ногузирии рушди минбаъдаи низоми босамари даҳлезҳои нақлиётии байниминтақавӣ ва фароқитъавӣ, аз он ҷумла ба василаи коҳиш додани нарх ва соддасозии тартиби молкашонӣ эътибори алоҳида нигаронд.

    Ӯзбекистон инчунин ҷонибдори фаъолона пеш бурдани барномаҳои муштараки инноватсионӣ ва дастгирии лоиҳаҳои стартап бо ҷалб намудани соҳибкорони ҷавон мебошад. Ташаббус дар бобати таҳияи барномаи ҳамкории байни паркҳои технологӣ ва IT дар мамлакатҳои Иттиҳод ба миён гузошта шуд.

    Инчунин аҳамияти пурзӯр намудани фаъолияти Шӯрои иқтисодии ИДМ бо роҳи ба кори он ҷалб намудани намояндагони доираҳои корчаллон ва минтақаҳои мамлакат таъкид шуд.

    Ғайр аз ин ба масъалаҳои муқовимат бар зидди тағйирёбии иқлим ва пеш бурдани ҷанбаи «сабз», муттаҳид намудани кӯшиш дар таъмини бехатарии биологӣ, такомули бозори меҳнат ва ҳамчунин барқарор намудани мавҷи тарафайни сайёҳӣ ва васеъ намудани табодули маданиву гуманитарӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд.

    Президенти Ӯзбекистон дар бораи вазъият дар Афғонистон сухан ронда, мувофиқи мақсад будани идома додани мадади гуманитарӣ ва ҳамдастии иқтисодиро ба мардуми Афғонистон таъкид намуд.

    Инчунин ногузирии пурзӯр намудани ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва қочоқи нашъа таъкид гардид.

    Дар охир роҳбари давлат ҷонибдории қатъии Ӯзбекистонро барои идома додани гуфтугӯи конструктив ва ҳамкории зич бо мақсади дарёфти натиҷаҳои дақиқи шарикӣ барои фараҳмандии мардумони дӯсти мамлакатҳои ИДМ собит намуд.

    Дар поёни ҳамоиш бинобар 30-солагии Ташкилот, дар бораи ҳамкорӣ дар ҷанбаи таъмини бехатарии биологӣ, дар соҳаи муҳоҷират, Муоҳида дар бораи ташкили Шӯрои раисони судҳои олӣ ва чандин ҳуҷҷатҳои дигари муҳим дар заминаи самтҳои мухталифи ҳамкории бисёрҷанба изҳорот қабул гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates