Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти телефонӣ анҷом дод

    Ҳукумат 26 Noyabr 2021 2951

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон -- Элбошӣ Нурсултон Назарбоев 26 ноябр  мулоқоти телефонӣ анҷом дод

    Дар оғози сӯҳбат роҳбари давлатамон Элбоширо бо фарорасии Рӯзи Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон самимона табрик гуфта, саломатии бардавом, беҳбудӣ ва комёбиҳои нав, инчунин ба халқи бародари Қазоқистон пешрафти минбаъда ва шукуфоӣ таманно намуд.

    Нақши таърихӣ ва саҳми бузурги шахсии Нурсултон Назарбоев дар бунёд ва рушди Қазоқистони замонавӣ, баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ таъкид шуданд.

    Сатҳи баланди имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ, неки ҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

    Аз аввали сол ҳаҷми тарафайни муомилоти мол 40 фоиз афзуд, миқёси ҳамкории саноатии ширкату корхонаҳои пешқадами ду мамлакат васеъ мешавад. Имрӯз дар шаҳри Туркистон чорабиниҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Форуми минтақаҳо бо иштироки сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ҷараён доранд.

    Илова бар ин, татбиқи фаъолонаи барномаҳои муҳими табодули фарҳангӣ ва башардӯстона идома дорад.

    Зимни суҳбати телефонӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор сурат гирифта, ҷадвали мулоқотҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ баррасӣ гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates