Дар ин фасли дилфиреб, ки тамоми ҷаҳонро нур ва зебоӣ фаро гирифтааст, ба диёри азизи мо Соли нави шарқӣ – Наврӯзи олам қадам мегузорад.

Имрӯз гӯё ду дарёи бузург ба ҳам мепайванданд – мо ҷашни Наврӯзро якҷо бо иди мубораки Рамазон таҷлил менамоем.

Бо чунин айёмҳои муборак, ки рамзи бедории табиат ва покии рӯҳӣ мебошанд, шумо, тамоми мардуми сермиллатамонро аз таҳти дил самимона табрик мегӯям.

Ҳамчунин ҳамватанонамонро, ки дар кишварҳои дуру наздики ҷаҳон кору таҳсил доранд, табрик намуда, ба онҳо салому дуруд ва орзуҳои неки худро мерасонам.

Ҷашн барои ҳамаи мо муборак бод!

Наврӯзи олам ба диёри мо сулҳ ва бахт биёрад!

Дӯстони азиз!

Имрӯз дилҳои мо, ки баҳорро пазмон шуда буданд, бо шукӯҳи рӯзи нав ва ҳаёти нав метапанд.

Аз осмон борони раҳмат борида, дарёву кӯлҳои мо пуроб мешаванд.

Боғ, дашту даман ва адирҳо қолини сабз ба бар намуда, аз соли пурбаракат дарак медиҳанд.

Дар шаҳру деҳот, дар водӣ ва минтақаҳо сайру тамошо оғоз ёфтааст.

Дар рӯзҳои наврӯзӣ, ки фасли эҳё аст, ваҳдати миллӣ ва иқтидори созандаи халқамон боз ҳам равшантар зоҳир мегардад.

Ба арзишҳои Наврӯз содиқ монда, новобаста аз миллат, забон, дин, корҳоро ҷиҳати розӣ намудани ҳар як ҳамватан ва тамоми халқ ба марҳилаи нав мебардорем. Ба ҷашни имсола асос гардидани ғояи даъваткори «Бузургдошти Наврӯз бузургдошти инсон аст» низ далели равшани ҳамин аст.

Мо барои ворид намудани нафаси Ӯзбекистони Нав ба ҳамаи минтақа, деҳа, авул ва маҳаллаҳо корҳои бузургро оғоз кардем.

Дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани нодорӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ низ қадамҳои муҳим мегузорем. Корхонаҳои муосир, шабакаҳои коммуникатсионӣ, манзилҳои бароҳат, иншооти таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва варзишии нав ба нав бунёд мешаванд.

Дар оянда миқёси чунин сохтмонҳоро боз ҳам васеъ хоҳем кард.

Дар ин субҳи пурфайз мо ба тамоми деҳқонон ва фермерони меҳнаткаш эҳтироми амиқ баён мекунем.

Ба шумо, азизон, дар корҳои накӯятон ҷиҳати пур аз нозу неъмат ва фаровон намудани дасторхони мардум комёбӣ ва барор орзу мекунем. Зеро маҳз бо меҳнати пуршарафи шумо ризқу рӯзии халқи мо таъмин мегардад. Ва дар ин самт давлат, ҷамъият ҳамеша шуморо дастгирӣ хоҳад кард.

Ҳамватанони муҳтарам!

Ӯзбекистони Нав барои ҷавонони кишвар ба майдони парвозҳои баланд ва пирӯзиҳои бузург табдил меёбад. Чанде пеш бо ҷавонон мулоқот карда, бори дигар ба ин бовар ҳосил кардам.

Дар ҳар як соҳа – таълим, илму фан, фарҳанг ва санъат, варзиш, технологияҳои иттилоотӣ ва соҳибкорӣ номҳои нав ва қаҳрамонҳои нав пайдо мешаванд. Мо бо чунин писару духтарони заковатманд, пурғайрат ва талошкор ба маънои воқеӣ ифтихор мекунем.

Фарзандони азизам! Ба шумо имрӯз бахти бузург ва шарафи азими бунёдгузори Эҳёи сеюм будан насиб мекунад. Шумо метавонед ин орзуи наҷибро, ки чӣ қадар ниёи гузашта орзу доштанд, амалӣ созед.

Агар ба қадри ҳаёти орому осоиштаи имрӯз, имкониятҳои бузурги фароҳамшуда, меҳнати падару модар ва устоду мураббиён расида, пайваста таҳсил кунед, омӯзед ва донишу маҳорати худро такмил диҳед – оянда бешубҳа аз они шумост.

Дар ин роҳ барои шумо, тамоми ҷавонони Ӯзбекистон, ҳар гуна шароите зарур бошад, баҳри фароҳам намудани он омодаем.

Агар барои Ватан, барои миллат ва барои халқ зиндагӣ кунед – Ватан ва халқ низ шуморо гиромӣ дошта, ба сар мебардорад!

Фарзандони азизам, ҳамеша чун насли тиллоии Ӯзбекистони Нав парчами зафари онро баланд бардоред ва ҳеҷ гоҳ аз ин бознаистед!

Ҳамватанони гиромӣ!

Вақте мо «маҳалла» мегӯем, пеш аз ҳама симои зебои кишвари азизамон пеши назар меояд. Мо дар Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият бо ниятҳои нек барнома ва нақшаҳои бузургро амалӣ мегардонем.

Бовар дорам, ки дар ин корҳо барои таҳкими сулҳу оромӣ, меҳру оқибати байниҳамдигарӣ дар оила ва ҷомеа, дар ҷойи худ ҳал намудани мушкилоти иҷтимоӣ, барқарор намудани некиву адолат пирони рӯзгордида –падарбузургону модарбузургон, «ҳафтгонаи маҳалла» ва шаҳрвандони фаъол бо ҷидду ҷаҳди тамом иштирок хоҳанд кард.

Аз фурсат истифода намуда, раисони фидокор ва фаъолони маҳаллаҳо, инчунин тамоми ҳамватанонамро ба муносибати Рӯзи кормандони сохтори маҳалла, ки фардо таҷлил мегардад, аз самими дил табрик гуфта, ба онҳо комёбиҳои нав орзу менамоям.

Дӯстони муҳтарам!

Ғояҳои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкории Наврӯз, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо миёни халқҳо чун пули маънавӣ хизмат кардааст, дар замони ноороми имрӯза боз ҳам аҳамияти бештар пайдо кардааст.

Ин ҷашнро намояндагони зиёда аз 130 миллат ва қавм, ки дар мамлакат умр ба сар мебаранд, якҷоя, бо шодиву хурсандӣ таҷлил мекунанд. Маҳз ҳамин муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ кафолати боэътимодтарин дар бунёди Ӯзбекистони Нав мебошад.

Мо барои таҳкими минбаъдаи ҳамҷиҳатии байни миллатҳо ва динҳо дар ҷомеа тамоми нерӯ ва имкониятҳои худро сафарбар хоҳем кард. Дар ин самт, якҷо бо мамлакатҳои ҳамсоя ва бародар, ҳамчун овози ягонаи Осиёи Марказӣ, барои боло бурдани нуфузи минтақаи худ ҳамчун макони сулҳ, бародарӣ ва ҳамкорӣ аҳамияти устувор медиҳем.

Аз фурсат истифода намуда, сафирони муҳтарами кишварҳои хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалиро, ки дар ин чорабинӣ иштирок доранд, бо Рӯзи байналмилалии Наврӯз самимона табрик гуфта, ба кишвар ва халқҳои онҳо орзуҳои неки худро мерасонем.

Дӯстони гиромӣ!

Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш мехоҳам ба шумо, ба тамоми халқамон муроҷиат намоям.

Азизон, бубинед, чӣ гуна кишвари зебо, замини саховатманд ва табиати нотакрор дорем.

Мардуми меҳнаткаш, софдил ва олиҷаноб дорем, ки ин сарватҳои бебаҳоро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳифз ва нигоҳ доштаанд.

Агар мо ин обу замини атокардаи Худованд ва ҳамаи имкониятҳоро қадр кунем, аз онҳо оқилона истифода намоем, бешубҳа, неъматамон даҳчанд мегардад.

Аз ин рӯ, анъанаҳои деринаамонро идома дода, ниҳол шинонем, боғҳо бунёд намоем, хона ва маҳаллаамонро обод намуда, зиндагии худро боз ҳам зеботару фаровонтар созем!

Бо ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва корҳои хайр, халқамонро ба ҷаҳон бояд чунон муаррифӣ кунем, ки ба сӯи қуллаҳои баланд ҳаракат менамояд!

Ватани ягона, халқи ягона гардида, ҳаёти нав, таърихи нав ва ояндаи навро бунёд намоем!

Ҳамватанони азизу муҳтарам!

Бори дигар ҳамаи шумо, азизон, тамоми халқамонро бо Наврӯзи оламафрӯз аз самими дил табрик мегӯям.

Наврӯзи Ӯзбекистони Нав – давраи рушд ва пешрафт ба халқамон ободӣ ва фаровонӣ ато намояд!

Бигзор, ҳамаи ниятҳои некамон амалӣ шаванд!

Офаридгори бузург Ватани ҷоноҷони моро дар паноҳи худ нигоҳ дорад!

Рӯзи нав, бахти нав бар ҳамаи мо муборак бод!