Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷаҳон равандҳои ҷаҳонишавӣ пурзӯр мегарданд, миқёси низоъҳо ва таҳдидҳо рӯ ба афзоиш дорад. Дар чунин шароити мураккаб нақши варзиш дар таҳкими муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории кишварҳо ва халқҳо воқеан беназир мебошад.

Аҳамият ва қудрати таъсиргузории варзиш ҳамчун паёмбари сулҳ ва дӯстӣ, ки халқҳои қитъаи Осиё, макони зисти мо ва тамоми инсониятро муттаҳид месозад, бо ҳеҷ чиз чен ё арзёбӣ карда намешавад.

Шӯрои олимпии Осиё, ки беш аз 4 миллиарду 800 миллион сокинони қитъаи моро намояндагӣ мекунад, принсипҳои умумиэътирофшудаи башардӯстии ҳаракати олимпӣ — дӯстӣ, эҳтироми мутақобил, адолат ва баробариро фаъолона тарғиб менамояд. Шумо тавассути дипломатияи варзишӣ намунаи «Осиёи муттаҳид»-ро нишон дода, ба равандҳои мусбати дар минтақаи мо ҷараёндошта саҳми бузург мегузоред.

Бо истифода аз фурсат, ҳамчун Президенти Ӯзбекистон ва роҳбари Кумитаи миллии олимпӣ, ба роҳбарияти Шӯро барои эътимоди баланд — қабули қарор оид ба баргузор намудани Ассамблеяи 46-уми генералии Шӯрои олимпии Осиё дар кишвари мо изҳори сипоси самимӣ менамоям.

Бо камоли хушнудӣ шуморо дар ин форуми таърихӣ дар сарзамини зебои худ истиқбол мегирам.

Хуш омадед ба Ӯзбекистон!

Муҳтарам иштирокчиёни Ассамблея!

Имрӯз шумо дар доираи Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё, ки як минбари муҳим барои таҳкими эътимоди мутақобил, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар қитъаи мо ба шумор меравад, масъалаҳои зиёдеро мавриди баррасӣ қарор додед. Ба рӯзномаи форум, ки дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ҳамчунин интихоботи президенти Шӯро дохил буд, ки, бешубҳа, рӯйдоди таърихӣ маҳсуб меёбад.

Иҷозат диҳед, ки Ҷаноби Олӣ Шайх Ҷауон бин Ҳамад ал-Саниро, ки якдилона ба ин мақоми баланд интихоб гардиданд, самимона табрик намоям.

Моҳи апрели соли гузашта дар ҷараёни мулоқот бо президенти навинтихоби имрӯзаи Шӯро дар бораи аҳамияти рушди варзиш мо суҳбати пурмуҳтаво анҷом додем.

Ҳамчун ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, Ҷаноби Олӣ Шайх Ҷауон ба туфайли баргузории бисёр чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ дар сатҳи баландтарини ташкилӣ, аз ҷумла чемпионатҳои ҷаҳон оид ба футбол ва варзишҳои обӣ дар Қатар, инчунин бо донишу таҷрибаи фаровонаш дар ин соҳа аз обрӯи назаррас бархӯрдор аст. Бо иқтидори нодир ва фаъолияти самараноки худ ӯ дар рушди варзиш на танҳо дар қитъаи мо, балки дар саросари ҷаҳон саҳми арзанда мегузорад.

Бар ин боварам, ки Шӯрои олимпии Осиё бо интихоби номзади арзанда ба мақоми президенти Шӯро қарори дурусттаринро қабул намуд.

Итминон дорам, ки нуфузи Шӯрои олимпии Осиё таҳти роҳбарии мустақими Ҷаноби Олӣ Шайх Ҷауон боз ҳам бештар хоҳад афзуд.

Муҳтарам иштирокчиёни форум!

Дар солҳои охир мо ҳамкориҳои гуногунсамти худро бо Шӯрои олимпии Осиё ба сатҳи нав баровардем. Аз ҷумла, дар кишвари худ ҷаласаи 77-уми Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиёро бомуваффақият баргузор намудем. Бо мусоидати ин созмони бонуфуз, намояндаи Ӯзбекистон бори аввал ба вазифаи ноиби президенти минтақаи Осиёи Марказӣ интихоб гардид.

Интихоби Ӯзбекистон ҳамчун макони баргузории Бозиҳои ҷавонони Осиё дар соли 2029-ро мо ҳамчун баҳои баланд ва эътирофи кишвари худ ҳамчун шарики масъул дар соҳаи варзиш қабул менамоем. Ин эътимод барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар соҳаи варзиш бо дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ — ҳамсоягон ва бародарони мо — заминаи устувор фароҳам меорад.

Дар ин ҷо мехоҳам махсус таъкид намоям, ки Директори генералии Шӯрои олимпии Осиё ва роҳбари федератсияи «World Aquatics» ҷаноби Ҳусейн ал-Мусаллам дӯсти дерина ва боэътимоди варзиши Ӯзбекистон мебошад. Ӯ аз соли 1993 мунтазам ба кишвари мо ташриф меорад, ба Ӯзбекистон муҳаббати зиёд пайдо кардааст ва ҳамаи ташаббусҳои байналмилалии варзишии моро фаъолона дастгирӣ менамояд.

Ҷаноби Ҳусейн ал-Мусаллам бо иқтидори баланди зеҳнӣ, мавқеи устувори принсипиалӣ ва хислатҳои иродавӣ, қобилияти пеш бурдани муколамаи мутавозин ва андешида машҳур буда, дар байни ҷомеаи васеи варзишӣ на танҳо дар Осиё, балки дар саросари ҷаҳон обрӯю эътибори шоиста дорад. Далели равшани ин нуфуз афзоиши таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба намудҳои гуногуни варзишҳои обӣ мебошад. Аз ҷумла, барномаи варзишҳои обӣ дар Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес-2028 аз 49 то 55 намуд васеъ гардид, ки пеш аз ҳама барои кишварҳои рӯ ба рушд имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Чанд рӯз пеш дар кишвари мо ҷаласаи Кумитаи иҷроияи федератсияи «World Aquatics» баргузор гардида, дар он дар бораи таъсиси филиали минтақавӣ эълон карда шуд, ки бешак барои ҷомеаи варзишии Осиёи Марказӣ дастгирии бузург ва кумаки муҳим хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти Шӯрои олимпии Осиё аз ҷониби ҷомеаҳои варзишии тамоми ҷаҳон эътироф мегардад. Шоҳиди равшани ин нуфуз паёми видеоии Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ хонум Кирсти Ковентри ба Ассамблеяи генералӣ мебошад.

Аз таваҷҷуҳи зиёд ба форуми мо ҳамчунин иштироки намояндагони Кумитаи байналмилалии олимпӣ Ҷеймс Маклеод ва президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин ҷаноби Ненад Лалович гувоҳӣ медиҳад.

Бо истифода аз фурсат, ба Президенти Агентии ҷаҳонии зиддидопинг Витолд Банка, Президенти Федератсияи байналмилалии гимнастика Моринари Ватанабэ, Президенти Федератсияи байналмилалии вазнабардорӣ Муҳаммад Ҷалуд, Президенти «World Boxing» Геннадий Головкин, Президенти Федератсияи байналмилалии хоккейи рӯи алаф Муҳаммад Тайяб Икрам, ноиби президенти Федератсияи байналмилалии шамшербозӣ Анна Делгадо, раиси Кумитаи паралимпии Осиё Маҷид Рашид, котиби генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ Гунилла Линдберг, Президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои олимпии Африқо Мустафо Берраф изҳори сипос менамоям.

Ҳамчунин эҳтироми худро ба меҳмонони гиромии худ: намояндаи махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Паоло Замполли, вазири варзиши Федератсияи Русия Михаил Дегтярёв, вазири варзиши Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз бин Туркӣ ал-Сауд, вазири кор бо ҷавонон ва варзиши Давлати Қатар Шайх Ҳамад ал-Тани, Президенти Кумитаи олимпии Урдун шоҳзода Файсал ал-Ҳуссейн, Президенти Кумитаи миллии олимпии Бруней-Доруссалом шоҳзода Суфрӣ Болкиаҳ, Президенти Кумитаи олимпии Бутан шоҳзода Ҷигел Угйен Вангчук ва Президенти Кумитаи миллии олимпии Кувайт Шайх Фаҳад Сабоҳ ас-Сабоҳ изҳор медорем.

Меҳмонони муҳтарам!

Дар Ӯзбекистони Нав мо дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи принсипҳои гуманистии ҳаракати байналмилалии олимпӣ пеш аз ҳама ба таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании худ, арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ такя мекунем.

Вақте ки  сухан дар ин бобат меравад, ба маврид аст таъкид намоем, ки достони машҳури миллӣ — эпоси «Алпамиш» ва қаҳрамонони асосии он, паҳлавони далеру мағлубнашаванда Алпомиш ва Барчинои мақсадноку шуҷоъ, дар тӯли асрҳо барои миллионҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон дар кишвари мо намунаи идеалӣ ба шумор мераванд.

Ба ин маънӣ, агар гӯям, хато нахоҳад буд, ки сифатҳои наҷибе, ки ба ҷаҳони варзиш ва тарбияи варзишӣ хосанд, дар худи рамзи генетикии халқи мо ҷой доранд. Маҳз ҳамин сифатҳо асоси таҷрибаи ғанӣ, маҳорат ва илҳомеро ташкил медиҳанд, ки варзишгарони мо дар майдонҳои ҷаҳонӣ намоиш медиҳанд.

Имрӯз фарогирии аҳолии кишвар ба варзиши оммавӣ ба 15 миллион нафар расидааст. Албатта, шумо хуб дарк мекунед, ки ин нишондиҳанда барои кишваре, ки 60 фоизи аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд, чӣ қадар аҳамияти бузург дорад.

Аз рӯзҳои аввали ислоҳоти худ мо дар баробари ҳамаи соҳаҳои дигар ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем.

Бо мақсади густариши минбаъдаи ҳаракати олимпӣ ва тавсеаи интихоби истеъдодҳо, мо низоми сесатҳии мусобиқаҳои маҷмӯии варзиширо бо номи «Олимпиадаи президентӣ» роҳандозӣ намудем. Дар ҳар зинаи ин мусобиқаҳо меъёрҳо ва талаботи байналмилалии варзишӣ ҷорӣ гардидаанд.

Соли гузашта дар масоҳати 100 гектар сохтмони Шаҳраки олимпӣ ба анҷом расид, ки он пурра ба талаботи баргузории чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дастовардҳои варзишии мо мутобиқ ба имконияту шароити фароҳамшуда пайваста рӯ ба афзоиш доранд. Дар Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Париж-2024 варзишгарони Ӯзбекистон дар ҳисоби даставӣ мақоми 13-умро ишғол намуданд. Соли гузашта дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, бозиҳои осиёӣ ва олимпӣ зиёда аз 50 ҷавонписару ҷавондухтари мо ба натиҷаҳои рекордӣ ноил гардиданд. Ҷавонони варзишии мо дар Бозиҳои ҷавонони Осиё-2025, ки дар Баҳрайн баргузор шуданд, инчунин дар мусобиқаҳои ҳамбастагии исломӣ дар Арабистони Саудӣ мақоми ифтихории 2-юмро ба даст оварданд.

Дар солҳои охир Ӯзбекистон ба таври шоиста чемпионатҳои ҷаҳон ва мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳонро аз рӯи беш аз 10 намуди варзиш, аз ҷумла вазнабардорӣ, бокс, дзюдо, шиноварӣ бо байдарка (гребля), волейбол, гимнастика ва футзал қабул ва баргузор намуд.

Мо низоми нави омодагӣ ба Бозиҳои олимпӣ ва интихоби самаранокро дар ин самт роҳандозӣ кардем. Бо мақсади идомаи пайгиронаи корҳои омодасозии варзишгарони баландихтисос, дар оянда низ ба бунёди инфрасохтори муосири варзишӣ, рақамикунонии васеи соҳа ва ҷорӣ намудани навовариҳо, татбиқи фаъоли стандартҳои байналмилалӣ ва таҳкими дипломатияи варзишӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳем кард.

Илова бар ин, бо пайравӣ аз принсипи варзиши поквиҷдон, мо ҷонибдори қатъии мубориза бар зидди допинг ҳастем. Дар ин самт сиёсати одилонаи Агентии ҷаҳонии зиддидопингро пурра дастгирӣ менамоем.

Он чиз аҳамияти муҳим дорад, ки имрӯз дар шаҳри Тошканд аз ҷониби Агентӣ ҷаласаи Шӯрои созмонҳои минтақавии зиддидопингии Осиёи Марказӣ ва форуми байналмилалии марбута баргузор мегардад. Бешубҳа, ин чорабинӣ ба мутахассисони маҳаллӣ имконият медиҳад, то таҷрибаи татбиқи қоидаҳои зиддидопингиро бо ҳам мубодила намоянд.

Илова бар ин, мо бо ифтихор қайд мекунем, ки зиёда аз 50 намояндаи кишвари мо дар созмонҳои байналмилалии варзишӣ, ки имрӯз дар форум иштирок доранд, фаъолияти самарабахш анҷом медиҳанд.

Дар доираи чорабинии имрӯза, созмонҳои байналмилалӣ ва осиёии варзишӣ, ки намояндагонашон дар он иштирок намуданд, бо федератсияҳои миллии варзишии мо дар самтҳои худ зиёда аз 20 созишнома ба имзо расониданд.

Мо аз онҳо барои омодагии худ барои интихоби як мактаби варзишӣ дар ҳар як минтақаи мо барои ҳар як минтақа ва мусоидат дар табдил додани онҳо ба мактабҳои намунавӣ миннатдорем..

Масалан, Федератсияи байналмилалии вазнабардорӣ дар рушди клуби варзишии вазнабардории ба номи Акбар Ҷӯраев дар ноҳияи Бӯстонлиқ бо такя ба равишҳои муосири илмӣ, Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин — дар таъсиси Академияи минтақавии гӯштини варзишӣ, Конфедератсияи волейболи Осиё — дар ифтитоҳи як клуби волейбол дар ҳар вилоят, Федератсияи байналмилалии хоккейи рӯи алаф — дар бунёди ду варзишгоҳ барои ин навъи варзиш дар вилоятҳои Тошканд ва Хоразм мусоидат хоҳанд кард. Хушоянд аст, ки созишномаҳои баимзорасида ба ноил шудан ба ҳадафҳо ва натиҷаҳои мушаххас равона гардидаанд.

Барои татбиқи пурраи ин лоиҳаҳо масъулияти шахсӣ барои иҷрои онҳо ба намояндагони ман дар маҳалҳо — ҳокимон, инчунин ба роҳбарони федератсияҳои варзишие, ки имрӯз дар ин ҷо ҳузур доранд, вогузор карда мешавад.

Итминон дорам, ки чунин механизмҳои нави ҳамкории байналмилалӣ ба рушди варзиш дар кишвари мо саҳми бузурги амалӣ хоҳанд гузошт.

Муҳтарам аъзои ҳайатҳо!

Акнун иҷозат диҳед дар ҳузури шумо ба Шайх Ҷауон ал-Тани барои саҳми махсусаш дар рушди ҳаракати олимпӣ ва пешбурди ташаббусҳои муҳими варзишӣ ордени Кумитаи миллии олимпии «Шон-шараф»-ро тақдим намоям.

Дар поёни суханронии худ мехоҳам таъкид намоям: Ӯзбекистони Нав барои ҳамкории гуногунҷабҳа дар соҳаи варзиш бо ҳамаи кишварҳо омода аст.

Дар ин роҳи пуршараф дилҳои мо ҳамеша ба рӯйи чунин дӯстони наздик, чун шумо, бозанд.

Ба ҳамаи шумо саломатӣ, барору комёбӣ ва пирӯзиҳои нав таманно дорам.