Иҷозат диҳед ба Президентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп барои даъвати ҷаласаи ифтитоҳии Шӯро изҳори сипоси самимӣ намоям.
Бешубҳа, саммити имрӯза натиҷаи иродаи сиёсӣ ва прагматизми Президент Трамп мебошад.
Ӯзбекистон ташаббуси сулҳҷӯёнаи таъсиси Шӯрои сулҳро дастгирӣ кард ва қотеъона омодагии худро барои иштирок дар татбиқи муваффақонаи он изҳор намуд.
Мутмаинам, ки фаъолияти Шӯро барои фароҳам овардани вазъияти мусоид баҳри барқарорсозии иқтисодию иҷтимоии Сектори Ғазо мусоидат хоҳад кард. Дар ин замина, ҳар гуна механизми идораи беруна бояд ҳатман ба дастгирии дохилии аҳолии Сектор такя намояд.
Кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи ҳамаи тарафҳо имкон медиҳанд, ки устувории раванди пасоконфликтӣ таъмин шуда, шароити барқарорсозии ҳарчи зудтари Ғазо фароҳам ояд.
Мехоҳам таъкид намоям, ки Ӯзбекистон омода аст дар сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, кӯдакистонҳо, мактабҳо ва беморхонаҳо дар ин ҷо саҳми худро гузорад.
Дӯстони гиромӣ!
Рамзист, ки саммити имрӯза дар Институти сулҳи ба номи Доналд Трамп баргузор мегардад.
Мулоқоти мо ифодаи равшани ҳамбастагии байналмилалӣ, сулҳофарӣ ва талошҳои муштараки беҳбуд бахшидани вазъият дар Шарқи Наздик мебошад. Мо бояд аз ин имконияти таърихӣ барои бунёди “Ғазои Нав” — бо иқтисодиётии шукуфон ва шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолии он истифода барем.
Барои таваҷҷуҳатон сипосгузорам.