Дар маросим депутатҳо ва сенаторон, роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ҷомеа, кормандони воситаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карданд.
Маросимро раиси Комиссияи марказии интихоботӣ З. Низомхоҷаев ифтитоҳ бахшид. Вай қайд кард, ки интихоботи президентӣ тибқи Конститутсияи нав ва принсипҳои демократӣ, дар фазои фаъоли сиёсӣ гузашт. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ номзад аз Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон – Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёев, ки 87,05 дарсади овозҳоро ба даст овардааст, ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шуд. Раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Шавкат Мирзиёевро табрик гуфта, ба ӯ шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро супурд.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев қасамёд кард: “Бо тантана қасам ёд менамоям, ки ба халқи Ӯзбекистон содиқона хизмат мекунам, ба Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қатъиян риоя мекунам, ҳуқуқу озодиҳои шахрвандонро кафолат медиҳам, вазифаҳое, ки ба зиммаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузошта шудаанд, поквиҷдонона иҷро мекунам».
Сипас Президент Шавкат Мирзиёев дар маросими тантанавӣ нутқ эрод намуд.
– Ман имрӯз, аз таҳти дил, бо тамоми ҷонам эҳсос мекунам, ки барои таъмини истиқлолияти Ӯзбекистон, ҳаёти осоишта ва осудаҳолонаи халқи беш аз 36 миллионнафара чӣ гуна масъулияти бузурги шахсиро ба дӯш гирифтаам. Бо муҳаббату садоқати фарзандӣ дар назди халқи сермиллат, далер ва хирадманди мо барои ин боварии олӣ сари таъзим фуруд меорам, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Таъкид гардид, ки Ӯзбекистон ба давраи нав қадам мезанад. Давраи оянда барои мамлакати мо ба давраи тағйиротҳои амиқ, гардишнок ва дигаргуниҳои азим дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ табдил меёбад. Замони нав ба ғояю ташаббусҳои нав, натиҷаҳои нав ниёз дорад.
Идома ёфтани муноқишаҳо дар минтақаҳои гуногун мушкилоти навро ба вуҷуд меоранд Тағйирёбии иқлими глобалӣ ва боло рафтани камчинии захираҳои табиӣ, аз ҷумла об низ ба рушди устувор таъсири манфии қавӣ доранд. Дар чунин вазъияти душвору ташвишовар мо бояд ягона роҳи дурусти сиёсати самарабахши дохилию берунии ҷавобгӯи манфиатҳои халқамонро аниқ муайян карда, дар амал ин роҳро катъиян пеш гирем, – таъкид намуд Президент.
Сарвари давлат ҳадафҳои стратегиро барои ҳафт соли оянда муайян кард. Инҳо такмили ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, таъсиси низоми ихчам ва муассири идоракунӣ, рушди соҳаи иҷтимоӣ, тавсеаи имкониятҳои соҳибкорӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ ва даромади аҳолӣ мебошанд.
Тамоюлҳои иқтисодиёти «сабз» ва энергияи «сабз» васеътар татбиқ карда мешаванд. Ҳаҷми маблаггузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат якчанд баробар меафзояд. Ҳадафи муҳим – то соли 2030 ба 160 миллиард доллар расондани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гузошта шуд. Сарвари давлат зимни суханронии худ ба ҷавонон муроҷиат кард.
– Писарону духтарони азиз, имрӯз худи таърих, худи замон барои шумо имкониятҳои бемислу монандро мекушояд. Шумо ба корҳои бузурге қодиред, ки дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Таъкид гардид, ки Ӯзбекистон бо халқи сермиллати худ, ки ҳамчун оилаи муттаҳид ва дӯстона зиндагӣ мекунад, қавӣ аст. Кишвари мо минбаъд низ фазои башардӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ боқӣ хоҳад монд.
Шавкат Мирзиёев дар бораи собитқадамона давом додани сиёсати чуқур андешидашудаи хориҷӣ ва дипломатияи иқтисодӣ изҳор кард. Ҳадафи асосӣ таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо давлатҳои минтақаамон, ба сатҳи нав бардоштани ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ хоҳад буд. Ҳалли проблемаҳои экология ва ҳифзи муҳити зист, нарасидани захираҳои об вазифаи таъхирнопазир хоҳад монд.
Сарвари давлат дар суханронии худ на ба рақаму нишондиҳандаҳои мухталифи иқтисодӣ, балки ба бузургтарин дастоварди кишвари мо: дигар шудани шуур ва ҷаҳонбинии одамон, дар қалби онҳо мустаҳкам шудани боварӣ ба худ ва ба фардо таваҷҷуҳи зиёд дод.
Халқе, ки худро тағйир дода метавонад, бешубҳа, қодир аст ҳаёт ва муҳити ҷамъиятии худро тағйир диҳад ва он ба мақсадҳои наҷиби худ ҳатман хоҳад расид.
– Барои ман бахту саодати бузург ва шарафи бузург аст, ки ба халқи азизам дар роҳи сӯи марҳалаҳои нав, ояндаи пуршараф хизмат кунам. Ман бо ҳамроҳии шумо, бо тамоми ҳамватанони худ тайёрам, ки барои расидан ба мақсади бузурге, ки мазмуни ҳаёти ман гаштааст, – бунёди Ӯзбекистони Нав, таҳкурсии Эҳёи Сеюм, монда нашуда меҳнат кунам, тамоми қувваю дониш, таҷриба ва имкониятҳои худро ба ин равона намоям, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Суруди миллӣ навохта шуд.
Бо ҳамин ҷамъомади муштараки Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба охир расид.