Президентҳои Ӯзбекистон ва Беларус масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

    30 август Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Сарвари давлати мо дар оғози сӯҳбат Президенти Беларусро бо солгарди ҷашнаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва муваффақиятҳои бузург, ба халқи дӯсти белорус саодат ва шукуфоӣ таманно намуд.

    Президенти Беларус дар навбати худ роҳбар ва мардуми сермиллати Ӯзбекистонро бо Рӯзи истиқлолияти дарпешистода самимона табрик гуфта, орзуҳои сулҳ, рушди устувор ва пешрафтро баён кард.

    Дар рафти суҳбат масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳое, ки дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 7-9 феврали соли ҷорӣ тибқи "харитаи роҳ"-и қабулшуда ба даст омадаанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

    Ба натиҷаҳои пурсамари сафари ба қарибӣ ба мамлакати мо барпогардидаи ҳайати вакилон бо сардории Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Наталья Кочанова баҳои баланд дода шуд.

    Аҳамияти суръат бахшидан ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои кооператсияи муштараки саноатӣ, инчунин густариши табодули фарҳангию гуманитарӣ қайд гардид.


    No date selected
    August 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates