Масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Эрон баррасӣ гардид.
Робитаҳо ва мубодилаи фаъол дар сатҳи ҳукумат, вазорату идораҳо бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Нишондиҳандаҳои савдои байниҳамдигарӣ ва боркашонӣ, шумораи корхонаҳои муштарак меафзояд.
Моҳи майи соли равон дар шаҳри Теҳрон ҷамъомади навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, форуми соҳибкорон ва намоишгоҳи саноатӣ баргузор гардид. Оид ба ҳамкорӣ “харитаи роҳ” барои солҳои 2025-2027 қабул гардид.
Аҳамияти пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёту логистика, саноат ва кишоварзӣ қайд карда шуд.
Сарони Ӯзбекистону Эрон ҳамчунин доир ба рӯзномаи минтақавӣ ва нақшаи чорабиниҳои оянда табодули назар карданд.