Президентҳои Ӯзбекистон ва Фаронса дар бораи рушди муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи сатҳи баланд мувофиқа карданд

    Ҳукумат 22 Noyabr 2022 4692

    Дар қасри Елисей мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Фаронса Эммануэл Макрон баргузор

    Роҳбарони давлатҳо масъалаҳои минбаъд вусъат додани ҳамкории муфиди мутақобили Ӯзбекистону Фаронсаро муҳокима намуда, дар бораи рушди муносибати фарогири шарикии дараҷаи олӣ қарордод намуданд.
    Пешвоён бо қаноатмандӣ рушди муттасили алоқаҳои дуҷониба, амиқсозии гуфтугӯи васеи сиёсӣ, дастгирии ҳамдигар дар доираи ташкилотҳои байналхалқӣ, пеш бурдани гуфтугӯи байнипорлумониро дар санаи 30-солагии барқарор намудани муносибати дипломатии байни Ӯзбекистону Фаронса таъкид карданд.
    Дар солҳои охир миқдори корхона ва лоиҳаҳои муштарак бо иштироки ширкатҳои фаронсавӣ се баробар афзуд. Бастаи ҷории лоиҳаҳои муштараки фаъол дар Ӯзбекистон аз 5 миллиард евро зиёд гардид.

    Фаъолияти муфиди тарафайни чунин ширкатҳои дараҷаи ҷаҳонӣ, мисли «Total Eren», «Veolia», «EDF», «Orano», «Lactalis», «Carrefour» ва «Shiever» дар соҳаҳои энергетика, кашшофии геологӣ, саноати хӯрокворӣ, савдо таъкид гардид.
    Ҳамкорӣ бо Агентии рушди Фаронса сифати нав касб намуд, ки дар лоиҳаҳои соҳаи рушди инфрасохтори шаҳр, иқтисодиёти «сабз», санитария, гидроэнергетика, хоҷагии қишлоқ ва ғайра ширкат дорад.
    Ҷамъбасти чорабиниҳои корчаллонии Ӯзбекистону Фаронса, ки дар арафаи ташриф баргузор гардид, олӣ арзёбӣ гардида, дар доираи он муоҳидаҳо ва қарордодҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба миқдори беш аз 6 миллиард евро ба имзо расиданд. Манфиатдорӣ аз минбаъд мустаҳкам намудани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи бехатарӣ, муқовимати босамар бар зидди таҳдид ва хатарҳои бавуҷудоянда зикр гардид.

    Аҳамияти рушди алоқаҳои маданиву гуманитарӣ таъкид шуд. Ҷонибҳо кушода шудани бахши Алянси фаронсавиро дар Самарқанд дастгирӣ намуданд ва ҳамчунин баргузор гардидани анҷумани дуюми таълимии Ӯзбекистону Фаронсаро 27-28 ноябри соли ҷорӣ дар Париж истиқбол намуданд. Дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи муаллимони забони фаронсавӣ мувофиқа ба амал омад.

    Роҳбарон бо қаноатмандӣ дар Париж кушода шудани намоишгоҳҳои экспонатҳои мероси маданиву таърихии Ӯзбекистон «Хазинаи воҳаҳои Ӯзбекистон. Дар чорроҳаҳои ҷодаҳои корвон»-ро дар музейи Лувр ва «Роҳи Самарқанд. Мӯъҷизаи шоҳӣ ва тилло» дар Институти ҷаҳони араб дар Парижро таъкид карданд.
    Роҳбарони давлатҳо инчунин дар заминаи мушкилоти муҳими байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
    Мулоқот дар фазои кушод, гарм ва дӯстона баргузор шуд. Дар поёни вохӯрӣ Шавкат Мирзиёев Эммануэл Макронро даъват намуд, ки дар вақти барояш мусоид ба мамлакатамон ташриф оварад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates