Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Илҳом Алиев Шартнома дар бораи таъсиси Шӯрои олии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро имзо карданд.
Ба ғайр аз ин, дар чаҳорчӯбаи сафар 15 ҳуҷҷат дар сатҳи давлатҳо, ҳукуматҳо ва идораҳои ду кишвар қабул шуданд.
«Харитаи роҳ» оид ба амиқсозии шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ барои солҳои 2023-2024, Созишнома дар бораи амиқсозии минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон ва варзиш ва «Харитаи роҳ «оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ВАО аз ҷумлаи онҳост.
Илова бар ин, ба Созишнома дар бораи сафарҳои бидуни раводиди шаҳрвандон илова ва тағйиру иловаҳо ворид карда, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷорӣ намудани системаи иттилоотии мубодилаи электронии варақаҳои рухсати «Е-permit», дар соҳаи фарҳанг, дар соҳаи ҳифзи оилаҳо ва кӯдакон, дар соҳаи амнияти озуқаворӣ, инчунин тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ байни котиботи Шӯрои амният, дар соҳаи амнияти киберӣ ва ғайра созишномаҳо ба даст омаданд.
Ҳуҷҷатҳои мазкур ба амиқсозии ҳамкории амалӣ оид ба як қатор самтҳои истиқболноки ҳамкорӣ байни Ӯзбекистон ва Озарбойҷон мусоидат хоҳад кард.