Аз ҷумла, ҳуҷҷатҳои зерин ба имзо расиданд, ки самтҳои гуногуни ҳамкориро дар бар мегиранд:
– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва чорабиниҳои соҳибкорӣ;
– Меморандуми ҳамкорӣ байни Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати рушди иҷтимоӣ ва оилаи Давлати Қатар;
– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар;
– Ёддошти тафоҳум байни Фонди таҷдид ва рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Агентии сармоягузории Давлати Қатар оид ба ҳамкориҳои сармоягузорӣ;
– Ёддошти тафоҳум байни Агентии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Идораи назорати маъмурӣ ва шаффофияти Давлати Қатар.
Илова бар ин, дар рафти сафар созишномаҳои зерин имзо шуданд:
– Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи оид ба корҳои дини Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази байналмилалии Доҳа оид ба муколамаи байни динҳо;
– Ёддошти тафоҳум байни Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон ва Кумитаи миллии ҳуқуқи инсон дар Давлати Қатар;
– Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорон байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар;
– Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар.