Роҳбари давлати мо Шавкат Мирзиёев дар маҷмааи истироҳатии «Амирсой»-и вилояти Тошканд бо Президенти Қирғизистон мулоқоти ғайрирасмӣ баргузор кард.
Роҳбарон масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, инчунин сиёсати байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ намуданд.
Президенти Қирғизистон ба шароит ва инфрасохтори муосири дар маҷмааи лижаронии мазкур фароҳам овардашуда, ки ба стандартҳои баланди ҷаҳонӣ мувофиқ аст, баҳои баланд дод.
Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар заминаи геоландшафти ноёб ва табиати гуногуни кишварҳоямон ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ташкили марказҳои истироҳатӣ-курортӣ ба мувофиқа расиданд.