Сарвари давлати мо Садир Ҷапаровро бо аввалин иштирокаш дар Мулоқоти машваратӣ самимона табрик гуфт ва қайд кард, ки ин платформаи бисёрҷониба ба қабули қарорҳои муштарак ба манфиати тамоми минтақа имкон фароҳам меорад.
Дар вохӯрӣ рафти иҷрои созишномаҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Қирғизистон ба Ӯзбекистон 11-12 марти соли ҷорӣ ба даст омадаанд, инчунин масъалаҳои мубрами амнияти минтақа муфассал баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки аз аввали сол ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳои мо қариб 10 фоиз афзуда, аз 425 миллион доллар гузашт. Татбиқи амалии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, нассоҷӣ, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳо оғоз шудааст. Мубодилаи фаъолонаи фарҳангию башардӯстона ва робитаҳои байниминтақавӣ идома дорад.
Масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши энергетика, аз ҷумла сохтмони муштараки НБО-и "Қамбарота-1" баррасӣ шуданд.
Сарвари давлатамон аҳамияти муҳими стратегӣ доштани лоиҳаи роҳи оҳани "Ӯзбекистон -- Қирғизистон -- Чин", муҳим будани тезондани музокирот оид ба сохтмони онро қайд кард.
Президенти Қирғизистон аз талошҳои амалии Ӯзбекистон оид ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар минтақа пуштибонӣ кард. Вай таъкид намуд, ки ташаббуси сарвари Ӯзбекистон, ки ба руши пайвастагии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нигаронда шудааст, ба манфиатҳои халқҳои бародари минтақаамон ҷавобгӯ аст.
Созишнома дар бораи идомаи робитаҳои мунтазам дар сатҳи олӣ ва баланд барои рушди пайвастаи ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо ба даст омад.
Ҳамчунин табодули афкор оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.