Раҳбарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 6 Iyun 2022 3731

    6 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Сарвари давлатамон Президенти Қазоқистонро ба муносибати бомуваффақият баргузор шудани рӯйдоди муҳими сиёсӣ – раъйпурсии умумихалқӣ оид ба масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар самимона табрик гуфт.

    Масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон баррасӣ шуда, аз рӯи рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

    Ба татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ, пеш аз ҳама дар бораи пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, илму маориф ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

    Илова бар ин, дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ, идомаи муколамаи наздику судманд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд.

    Суҳбати телефонии Президентҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар фазои анъанавии дӯстӣ ва корӣ гузашт.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates