Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои некҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқии ӯзбекистониву қазоқистонӣ баррасӣ шуданд.
Зарурати густариши ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба қайд карда шуд.
Ба дурнамои афзоиши гардиши мол, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёту логистика, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Инчунин оид ба мушкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. Рӯзномаи ҳамоиши дарпешистодаи Созмони давлатҳои туркӣ, ки 11 ноябр дар Самарқанд баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор гирифт.