Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳими рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии густурда ва ҳампаймонии Ӯзбекистон ва Русия дар доираи иҷрои тавофуқоте, ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, баррасӣ гардиданд.
Рушди босуръати ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Тибқи натиҷаҳои анҷоми соли гузашта, ҳаҷми гардиши мол 10 фоиз афзуда, ба 13 миллиард доллар расидааст ва аз оғози соли ҷорӣ боз 32 фоиз зиёд гардидааст.
Татбиқи лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва дигар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт идома дорад.
Ба пешбурди лоиҳаи сохтмони аввалин нерӯгоҳи барқи атомӣ дар Ӯзбекистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Фаъолияти босамари комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баланд арзёбӣ шуд.
Таъкид гардид, ки ҷонибҳо ба баргузории намоишгоҳи навбатии байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ Осиёи Марказӣ», ки ба майдони муассир барои пешбурди шакл ва лоиҳаҳои нави кооператсия табдил ёфтааст ва моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд доир мегардад, фаъолона омодагӣ мебинанд.
Аз рӯйи масъалаҳои муҳими дорои аҳамияти байналмилалӣ, аз ҷумла вазъият дар Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Украина низ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин нақшаи чорабиниҳои оянда муҳокима шуд.