Президентҳои Ӯзбекистон ва Русия масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалиро баррасӣ карданд

    8 август мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид.

    Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Президенти Русия дар бораи натиҷаҳои асосии музокирот бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА Стивен Уиткофф, ки рӯзи 6 август дар шаҳри Москва баргузор шуда буд, маълум кард.

    Ҳамчунин ҷанбаҳои амалии рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистон ва Русия дар доираи татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ бадастомада муҳокима гардиданд.

    Ба зарурати андешидани чораҳои ҳамоҳангшуда, ки ба таъмин намудани афзоиши босуботи нишондиҳандаҳои гардиши мутақобилаи мол ва сармоягузорӣ, суръат бахшидан ба лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, идомаи робитаҳои судманд, мубодилаҳои тиҷоративу башардӯстона дар сатҳи минтақавӣ нигаронда шудаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

    Сарони Ӯзбекистон ва Русия инчунин ҷадвали вохӯриҳо ва чорабиниҳои дарпешистодаро баррасӣ намуданд.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates