Роҳбарони давлатҳо аз фабрикаи «Нигора», ки дар ҳайати кластери пахтаю нассоҷии «Мергантекс»-и вилояти Бухоро фаъолият мекунад, боздид намуданд.
Фабрика дар доираи лоиҳаи дорои арзиши умумии 35 миллион доллар ташкил гардида, тамоми занҷири муттасили истеҳсол – аз коркарди ашёи хоми пахта то истеҳсоли матоъ ва либоси тайёрро ба роҳ мондааст.
Маҳсулоти дӯзандагӣ, трикотаж ва либоси тайёре, ки таҳти тамғаи тиҷоратии “Шоҳигул” истеҳсол мешаванд, асосан ба мамлакатҳои Аврупо, бахусус, Италия, Австрия, Британияи Кабир ва Олмон содир мегарданд. Дар ин ҷо 840 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.
Таҷҳизоти муосири баландтехнологии корхона, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, аз Чин, Олмон ва Белгия оварда шудаанд. Дар марҳилаи дуюм роҳандозии истеҳсоли нахҳои синтетикӣ ва маҳсулоти тайёри онҳо пешбинӣ шудааст.
Меҳмонони баландпоя аз толори намоиши корхона ва намоишгоҳи маҳсулоти тайёр боздид карданд.
Сифати маҳсулоти фабрика, ки соле ба маблағи 10 миллион доллар содир мегардад, аз ҷониби ҳайати намояндагони Тоҷикистон баланд арзёбӣ шуд.
Президентҳо аҳамияти густариши ҳамкорӣ миёни корхонаҳои пешрафтаи мамлакатҳоро таъкид намуданд.