Дар оғози суханронии худ сарвари давлати мо ба ҳамтои туркияш барои меҳмоннавозии самимона ва музокироти пурсамар дар доираи шӯро миннатдории самимӣ изҳор намуд.
Ба таври махсус таъкид гардид, ки Туркияи муосир дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои бузург ноил шуда, на танҳо дар ҷаҳони ислом, балки дар арсаи ҷаҳонӣ низ аз нуфузи шоиста бархурдор аст.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ҳамаҷонибаи ӯзбекистониву туркӣ дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Тибқи натиҷаҳои соли гузашта ҳаҷми савдои мутақобил аз 3 миллиард доллар гузашта, шумораи корхонаҳои муштарак ба 2,2 ҳазор расид ва ҳаҷми умумии сармоягузориҳои азхудшуда тақрибан 10 миллиард долларро ташкил дод.
Миёни ду кишвар ҳар ҳафта тақрибан 100 парвози ҳавоӣ анҷом дода мешавад. Бо иштироки ширкатҳои пешсафи туркӣ бастаи лоиҳаҳо ба маблағи 9 миллиард доллар ташаккул ёфтааст.
Қарорҳо оид ба баргузории мунтазами ҷаласаҳои шӯро, истифодаи самараноки механизми Комиссияи байниҳукуматӣ ва Гурӯҳи банақшагирии стратегӣ қабул гардиданд.
Амалияи дастгирии мутақобил дар доираи сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони давлатҳои туркӣ ва дигарон, идома хоҳад ёфт.
Роҳбарон ба мувофиқа расиданд, ки барои расонидани ҳаҷми савдо то 5 миллиард доллар, аз ҷумла тавассути васеъ намудани номгӯйи молҳо дар доираи Созишнома оид ба савдои имтиёзнок ва таҳкими ҳамкории саноатӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Ҳамчунин ба густариши минбаъдаи мубодилаи фарҳангию башардӯстона, аз ҷумла баргузории ҳафтаҳои муштараки театр ва кино, намоишгоҳҳои бадеӣ ва рушди сайёҳии зиёратӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи шӯро ҳукуматҳои ду кишвар «харитаи роҳ»-и ҳамаҷонибаро барои татбиқи саривақтӣ ва босифати тавофуқҳои ҳосилшуда қабул хоҳанд кард.