баннер
7 Apr 2025
04:43

    Дар Ӯзбекистон аввалин ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» баргузор мегардад

    3-4 апрел дар шаҳри Самарқанд чорабиниҳои аввалин ҳамоиши «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» баргузор хоҳанд шуд.

    Дар кори ин ҳамоиш, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сурат мегирад, Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта, Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ширкат хоҳанд кард.

    Дар ин чорабинӣ, ки бо шиори «Сармоягузорӣ ба оянда» баргузор мегардад, инчунин иштироки роҳбарони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки сармоягузории Аврупо дар назар аст.

    Тибқи рӯзномаи ҳамоиш, дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанба ва ҳамкории амалии байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ хоҳад шуд.

    Дар меҳвари муҳокимот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва афзоиши гардиши мол, пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои инноватсия, энергияи «сабз», саноати истихроҷ, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика ва рақамисозӣ, инчунин идомаи мубодилаҳои фаъол дар бахшҳои фарҳанг, сайёҳӣ, илм, маориф ва дигар самтҳои афзалиятнок қарор хоҳанд дошт.

    Сарони ҳайатҳо ҳамчунин оид ба паҳлӯҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор хоҳанд кард.

    Бар асоси барномаи ҳамоиш, роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони муассисаҳои асосии Иттиҳоди Аврупо дар ҷаласаи пленарии Форуми байналмилалии иқлимии Самарқанд, ки 4 апрел оғоз мегардад, иштирок хоҳанд кард.

    Илова бар ин, дар ҳошияи ҳамоиш мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарони ҳайатҳои хориҷӣ низ дар назар аст.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech