Президент Шавкат Мирзиёев 29 август ба марказ ташриф оварда, аз рафти корҳои ниҳоии ороишиву таҷҳизонӣ дидан кард.

Иншооти бошукӯҳ дар шакли ёдгориҳои меъмории қадимаи мо бунёд мегардад. Гумбаз ва пештоқҳои миллӣ, ҳамоҳангии аҷиби нақшҳо ба он шукуҳи хос мебахшанд. Дар чор тарафи маҷмаа пештоқҳо бо баландии 34 метр ва дар марказ гумбаз бо баландии 65 метр сохта шудаанд.

Дар қисми асосии марказ толори Қуръони Карим сохта мешавад. Дар ин ҷо дурдонаи маънавии ҷаҳони ислом – нусхаи қадимаи Мусҳафи Усмон нигоҳ дошта мешавад. Ҳамчунин, нусхаҳои китоби муқаддаси мо, ки дар давраи Сомониён, Қарохониён, Хоразмшоҳиён, Ӯзбекхон, Темуриён ва дигар сулолаҳои таърихӣ навишта шудаанд, бо тарҷумаҳои онҳо ба забони ӯзбекии кӯҳна гузошта мешаванд. Намунаҳо аз нодиртарин дастнависҳои Қуръон дар ҷаҳон низ ҷой дода мешаванд.

Президент корҳои ниҳоии ороиши толорро аз назар гузаронида, ба масъулон тавсияҳои худро дод.

Дар марказ сохтмони толори анҷуманҳои дорои 460 ҷойи нишаст низ анҷом ёфт. Дар ин ҷо барои баргузории вохӯрӣ ва ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ шароити зарурӣ фароҳам гардида, бо васоити техникии замонавӣ таҷҳизонида шудааст.

– Ӯзбекистон соҳиби таърихи бузург аст. Мероси илмӣ ва фарҳангие, ки аз ҷониби гузаштагони бузурги мо офарида шудааст, дар таърихи инсоният нақши пойдор гузоштааст. Бовар дорам, ки ин марказ дар хабардор кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ бо онҳо нақши бузург хоҳад дошт, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар маҷмаа шуъбаҳои "Тамаддунҳои пеш аз ислом", "Давраи эҳёи аввал", "Давраи эҳёи дуввум", "Ӯзбекистон дар асри XX", "Ӯзбекистони Нав – Эҳёи нав" таъсис дода мешаванд. Таърихи ин давраҳо бо ашёи гуногун, манбаъҳои хаттӣ, суратҳо ва васоити мултимедиявӣ ба намоиш гузошта шудааст. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти серпаҳлӯи аллома ва мутафаккирони бузург чун Хоразмӣ, Фарғонӣ, Форобӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Бурҳониддини Марғинонӣ, Маҳмуд Замахшарӣ, Мирзо Улуғбек, Алишер Навоӣ, Бобур Мирзо, Алӣ Қушчӣ маълумот дода шудааст. Ҳамчунин саҳми Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Ҳаким Тирмизӣ, Абӯмансури Мотуридӣ, Абу Муини Насафӣ, Қаффол Шошӣ, Абдулхолиқ Ғиҷдувонӣ, Наҷмиддини Кубро, Баҳовуддини Нақшбанд, Хоҷа Аҳрори Валӣ барин уламои барҷаста дар маърифати исломӣ пурра инъикос ёфтааст.

Ҳамзамон, дар маҷмаа фаъолияти бонувони маъруф, чун Бибихонум, Хонзодабегим, Гавҳаршодбегим, Гулбаданбегим, Нодирабегим, Увайсӣ, Анбар Отин, ки чун сарпарасти илму маърифат дар таърихи мо нақши бузург гузоштаанд, ифодаи худро ёфтааст.

Дар марказ таъкид шуд, ки тадқиқи амиқи мероси гузаштагони бузург ва ба қувваи созандаи ҷавобгӯ ба мушкилоти рӯз табдил додани он, муҳим мебошад. Барои ин бо Академияи байналмилалии исломшиносии Ӯзбекистон, муассисаҳои илмӣ-маърифатии байналмилалӣ ба номи Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Мотуридӣ ва дигарон ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, ба таҳдидҳои муосир ҷавобҳои илмии муносиб дарёфт мешаванд.

Сарвари давлат корҳои бунёдкории марказро баланд арзёбӣ намуда, аз рӯйи ташкили дурусти фаъолият, пайваста ғанӣ гардонидани мазмуну муҳтавои он дастур дод.

– Дар давоми ҳашт сол дар ин ҷо меҳнати бузург анҷом дода шуд. Чунин маркази бошаҳомат ва дорои мазмуни амиқро бунёд кардем. Меҳмононе, ки ба ин ҷо меоянд, таърихи ғании халқи мо, донишу тафаккури аҷдодонамонро эътироф мекунанд, ба худ нерӯи бузурги маънавӣ мегиранд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президент ҳамчунин бо иншооти савдо ва хидматрасонӣ, ки дар минтақаи ба марказ пайваст сохта шудаанд, шинос шуд. Ин дар рушди минбаъдаи сайёҳӣ нақши муҳим хоҳад дошт.