Ҳайати парлумонии Ӯзбекистон дар конфронси Шабакаи парлумонии Ҷунбиши бетарафӣ иштирок мекунад

    Ҳайати парлумонии Ӯзбекистон дар конфронси Шабакаи парлумонии Ҷунбиши бетарафӣ, ки рӯзи 30 июни соли ҷорӣ дар Маркази Ҳайдар Алиев дар Боку ба кори худ оғоз кард, ширкат мекунад. Дар он ҳайатҳои парлумонии беш аз 40 кишвари ҷаҳон, инчунин намояндагони 9 созмони байналмилалии парлумонӣ ширкат доранд.

    Дар рафти конфронс иштирокчиён масъалаҳои пурзӯр намудани нақши парламентҳои миллӣ дар мусоидат ба сулҳ ва рушди устувори ҷаҳонро баррасӣ мекунанд.

    Конфронс бо сухани ифтитоҳии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ифтитоҳ ёфт.

    Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар суханронии худ таъкид намуд, ки мушкилоте, ки имрӯз ба миён меоянд, аз парлумончиён тақозо мекунад, ки вазъи кунуниро ҷиддӣ ва боз ҳам амиқтар дарк кунанд, муносибат ва роҳҳои ҳалли муносибро таҳия намуда, аз тамоми механизмҳои имконпазири ҳамкории бисёрҷониба истифода баранд.

    “Олий Маҷлиси Ӯзбекистон саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳониро оид ба офаридани механизмҳои самарабахши байналмилалии мубориза бо терроризм дастгирӣ намуда, тарафдори ба таври пурра татбиқ намудани Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ мебошад", – қайд намуд Раиси Сенат.

    Конфронс кори худро то 1 июли соли ҷорӣ идома медиҳад, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates