Ҳайати парлумонии Ӯзбекистон дар ҷаласаи 57-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд

    Ҳайати парлумонии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева дар ҷаласаи 57-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург ширкат варзид.

    Танзила Норбоева дар баромади худ ташаббусҳое, ки аз ҷониби Ӯзбекистон таҳия шудаанд, пешниҳод намуд.

    Дар ҷараёни ҷаласа намояндагон масъалаи нақши институти мушоҳидаи байналмилалӣ дар раванди интихобот ва рушди демократияро баррасӣ карданд. Зикр шуд, ки имрӯз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар пешбурди принсипҳои демократӣ, рушди парлумонҳо ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин мустаҳкам намудани ҳамбастагӣ байни халқҳои мо нақши муҳим мебозад.

    То имрӯз гурӯҳҳои мушоҳидавии Ассамблея дар зиёда аз 100 маъракаи интихоботӣ иштирок кардаанд. Дар таркиби онҳо аъзоёни парлумони Ӯзбекистон низ фаъолона ширкат меварзанд. Иштирокдорон махсусан фаъолияти Шӯрои машваратии роҳбарони мақомоти интихоботиро, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шудааст, қайд карданд.

    Дар ҷаласа аъзои ҳайати парлумонии Ӯзбекистон қонунҳои намунавӣ ва тавсияҳои Ассамблеяро, ки ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳои бисёрҷониба мусоидат мекунанд ва манфиатҳои Ӯзбекистонро инъикос мекунанд, дастгирӣ намуданд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates