Нафақахӯрони дарозумри синнашон 100 ва аз он боло ба нафақа ба миқдори 100 фоиз иловапулӣ мегиранд

    Буриши иҷтимоӣ 19 Yanvar 2022 1739

    Ўзбекистониёни синнашон аз 100 боло ба миқдори 100 фоизи миқдори ҳадди ақалли базавии нафақа (289 ҳазор сӯм) пардохти иловагӣ мегиранд. Дар ин бора хидмати матбуоти Фонди ғайрибуҷавии нафақа хабар дод.

    Мувофиқи маълумот, пардохт иловагӣ ба нафақа муқаррар карда мешавад. Ҳангоми тағйир ёфтани андозаи минималии нафақа иловапулӣ ба таври мутаносиб тағйир меёбад. Пардохт сарфи назар аз миқдор ва андозаи иловаҳо ба нафақа дода мешавад.

    Дар ин сурат маблағи пулӣ дар ҷои истиқомати доимӣ ё дар ҷойи қайди муваққатии шаҳрвандон дода мешавад.

    Ба ҳолати 1 январи соли 2022 шумораи умумии шаҳрвандони синнашон 100 ва аз он боло, ки аз фонди нафақа нафақа ва кӯмакпулӣ мегиранд, 570 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 461 нафар занон ва боқимонда мардон мебошанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates