Низоми нафақавии Ӯзбекистон таҳти назорати давлат боқӣ мемонад – Агентии ислоҳоти стратегиии ҷумҳурӣ

    Дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоте паҳн мешавад, ки гӯё нақшаи супоридани системаи нафақа ба бахши хусусӣ омода мешавад. Ин гуна маълумот ба ҳақиқат рост намеояд.

    Тибқи маълумоти Агентии ислоҳоти стратегӣ, пешниҳоди ҷалби бахши хусусӣ ба системаи нафақа бекор кардани Фонди давлатии нафақаро дар назар надорад.

    Сухан танҳо дар бораи яке аз тавсияҳое меравад, ки мутахассисони байналмилалӣ дар ҷараёни баррасии самтҳои эҳтимолии ислоҳоти системаи нафақа ироа кардаанд.

    Дар айни ҳол, ҳамаи ин пешниҳодҳо дар марҳилаи омӯзиши Агентии ислоҳоти стратегӣ ва сохторҳои масъули дигар қарор доранд.

    «Ҳамчунин зикр кардан муҳим аст, ки ҳангоми таҳияи ҳама гуна тағйирот дар системаи нафақа таҳлили васеи таҷрибаи байналмилалӣ анҷом дода шуда, андешаҳо ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳатман ба инобат гирифта мешаванд. Ҳамаи пешниҳодҳо танҳо ба хотири беҳтарсозии ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ равона мегарданд», – омадааст дар изҳорот.