Дар он коршиносони дафтари лоиҳавии С.Чакрабарти М.Бейнс, Ҷ.Слейтер ва Э.Темпелман низ ширкат доштанд.
Раванди иҷрои “харитаи роҳ”-и муштарак барои соли 2024 баррасӣ шуд. Аз ҷумла, масъалаҳои андешидани тадбирҳо ҷиҳати беҳбуди мавқеи кишвари мо дар рейтингҳо ва нишондиҳандаҳои байналмилалӣ, таъмини самаранокии кори “Платформаи кишварҳо”, баргузории ҷаласаи навбатии Платформаи кишварҳо дар моҳи сентябри соли 2024 ва рафъи монеаҳо дар роҳи ворид шудан ба Созмони ҷаҳонии савдо дахл карда шуданд.
Ҳамзамон, ташаббусҳои муштарак ҷиҳати сифатан ғанӣ гардондани муколамаи кушодаи Президент ва соҳибкорон бо ғояҳои нав ва дар маҷмӯъ, боз ҳам баланд бардоштани самаранокии ин платформа баррасӣ шуданд.
Дафтари лоиҳавии С.Чакрабарти омодагии худро барои омода кардани пешниҳодҳои худ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди соҳибкорӣ ва боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар изҳор дошт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба зарурати ҳамоҳангсозии муассири талошҳо барои татбиқи бомуваффақияти “харитаи роҳ” изҳори боварӣ карда шуд.