Дурнамои ҳамкории мутақобила бо ҷавонон дар соҳаи дипломатияи ҷамъиятӣ

    Имрӯз институти дипломатияи халқӣ ҳамчун омили мусбати дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонон дар самтҳои эҷод, таълим, илм ва таблиғот аҳамияти хоса дорад.

    Таваҷҷуҳ ба насли наврас, ки як қишри махсуси иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷомеа маҳсуб мешавад ва васеъ истифода бурдани имкониятҳои он яке аз вазифаҳои дар назди дипломатияи халқӣ гузошташуда мебошад. Инро он далел тасдиқ мекунад, ки Агентии кор бо ҷавонон яке аз муассисони Маркази дипломатияи ҷамъиятии СҲШ дар Ӯзбекистон мебошад.

    6 июл вохӯрӣ бо фаъолони Агентии кор бо ҷавонони Ӯзбекистон доир гардида, дар он чорабиниҳое. ки якҷоя дар соли 2022 гузаронда шудаанд, ба таври муфассал баррасӣ гардиданд.

    Зимни вохӯрӣ намояндагони Марказ пешниҳод намуданд, ки бо мақсади оммавӣ гардонидани дониш ва дарки ин ташкилот, минбаъд баланд бардоштани дониш ва маданияти ҳуқуқӣ ва мусоидат бобати ба шуури ҷавонон ҷорӣ намудани ғояҳои неки ҳамкориҳои кишварамон ва кишварҳои шарик дар байни аудиторияи васеи ҷавонон дар доираи раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар СҲШ бозии зеҳнии "Оё ту СҲШ-ро медонӣ?" гузаронда шавад.

    Дар охири вохӯрӣ консепсия, барнома, рӯйхати иштирокдорон мувофиқа шуда, санаи баргузории чорабинӣ ва дигар масъалаҳои ташкилӣ муқаррар карда шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates