"Ҳафт гаравгони озодшуда ба қабулгоҳи ибтидоӣ дар Исроил омаданд. Кормандони Садорати захираҳои инсонии нерӯҳои дифои Исроил ва гурӯҳҳои тиббии Нерӯҳои дифо бо Омри Миран, Матан Ангерст, Алон Эвел, Эйтан Мор, Гали Берман, Зив Берман ва Гай Галбоа Далал ҳамроҳӣ мекунанд, ки қабл аз вохӯрӣ бо аҳли хонаводаи худ дар ҷануби Исроил аз муоинаи аввалияи тиббӣ хоҳанд шуд", омадааст дар хабар.

Дафтари матбуотӣ афзуд, ки намояндагони артиш тамоми аъзои оилаи гаравгонҳоро, ки дар бемористонҳо мунтазири онҳо ҳастанд, ҳамроҳӣ карда, онҳоро пайваста аз ҳаракат ва аҳволи гаравгонҳои собиқ хабардор мекунанд.

Субҳи рӯзи душанбе дафтари нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу таъйид кард, ки нахустин гурӯҳи ҳафтнафарии гаравгонҳо аз навори Ғазза раҳо шудаанд.

Қаблан Исроил ва ҷунбиши Ҳамоси Фаластин дар мавриди иҷрои банди аввали нақшаи сулҳ барои ҳалли низоъ дар навори Ғазза ба тавофуқ расида буданд. Дар марҳилаи аввал Ҳамос гаравгонҳои исроилиро раҳо мекунад, дар ҳоле ки Исроил нирӯҳои худро ба хатти мувофиқашуда дар дохили навори Ғазза берун месозад ва садҳо фаластиниро, аз ҷумла афродеро, ки  барои терроризм барои як умр аз озодӣ маҳрум шудаанд, аз зиндонҳои Исроил озод мекунад, хабар медиҳад ria.ru.