Аввалин самолёти ширкати ҳавопаймоии «Silk Avia» аз қабули техникӣ гузашт

    Нақлиёт 2 Dekabr 2022 1851

    Дар ин рӯзҳо дар Бангкок (Таиланд) тартиби интиқоли аввалин ҳавопаймои ATR72-600 ба “Silk Avia” идома дорад.

    Ҷамоаи «Silk Avia» холати техникии самолёт, ҳуҷҷатҳои онро аз назар гузаронда, аввалин парвози озмоиширо анҷом дод. Инчунин имрӯз қабули техникии ҳавопаймо ба анҷом расид - пас аз санҷиши ҳармоҳаи C-check (шакли хидматрасонии техникӣ, дар ҳар як 5000 соати парвоз анҷом дода мешавад) шаҳодатномаи муоинаи техникӣ ба имзо расид.

    Дар айни ҳол омодагии боз як ҳуҷҷати муҳим – шаҳодатномаи содиротӣ, ки барои овардани самолёт ба Тошканд зарур аст, идома дорад. Дар баробари тайёр кардани иҷозатномаҳо корҳо оид ба ранг кардани ҳавопаймо дар ливери “Silk Avia” гузаронида мешаванд.

    Пас аз ин, ҳавопаймо ба база – ба фурудгоҳи "Тошканд" меравад, ки дар он ҷо ҳавопаймо низ бояд шаҳодатномаи оператори ҳавоиро бигирад. Дар баробари ин аллакай ба C-check ҳавопаймои дуюм, ки шикати ҳавопаймоии якуми минтақавии Ўзбекистон харид кардааст, интиқол дода мешавад, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates