Дар рафти суҳбат корҳое, ки оид ба ноил гардидан ба Мақсадҳои рушди устувори СММ, таъмини баробарии гендерӣ ва дастгирии занон, минбаъд фаъол гардондани иштироки онҳо дар ҳаёти давлат ва ҷамъият дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, инчунин як қатор масъалаҳои дигари муҳим муфассал баррасӣ гардиданд.
Дар рафти мулоқот сухан оиди ислоҳоти соҳои охир оид ба минбаъд такмил додани низоми суду ҳуқуқ дар кишвар, ҳифзи боэътимоди ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва соҳибкорон, таъмини адолати самарабахш, хуллас, волоияти қонун рафт.
Инчунин таъкид гардид, ки таъмини баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон дар Ӯзбекистон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти институти Омбудсман ба шумор меравад.
Зимни суҳбати самимӣ масъалаҳои марбут ба баробарии гендерӣ баррасӣ шуданд, ки бояд бо таҷриба ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳал карда шаванд.
Дар натиҷаи мулоқот оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини баробарии гендерӣ дар кишвари мо тавофуқ ҳосил шуд.