Имрӯз рӯзона дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, дар шимол, ҷануб ва биёбон дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр шиддат гирифта, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони ғуборолуд падид меояд. Ҳарорат 35-40 дараҷа, дар ноҳияҳои шимолӣ, ҷанубӣ ва биёбон дар ҷойҳо то 41-42 дарача гарм мешавад.
Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 38-40 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳсор боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 28-33 дараҷа гарм мешавад.