Ба иттилои Report Swissinfo дар ин бора бо истинод ба EFE хабар додааст.
«Барои осон намудани тиҷорати онлайн ва коҳиш додани маҳдудиятҳо дар иртиботот, ман ба котиби Шӯрои олии амнияти миллии Эрон Алӣ Лариҷонӣ тавсия додам, ки ҳарчи зудтар дастрасӣ ба интернет барқарор карда шавад», — гуфт Пизишкиён.
Ҳамчунин ӯ даъват кард, ки парвандаҳои иштирокчиёни боздоштшудаи эътирозҳо, ки аз охири соли гузашта кишварро фаро гирифтаанд, бо диққати махсус ва адолати комил баррасӣ шаванд.
«Дар баррасии парвандаҳои афроде, ки дар робита ба рӯйдодҳои ахир боздошт шудаанд, бояд ҳадди аксари дақиқкорӣ ва адолат риоя гардад», — таъкид намуд президенти Эрон. Ӯ ҳамзамон афзуд, ки «саркардагон ва гунаҳкорони қатлу амалҳои зӯроварона бояд бидуни ҳеҷ гуна гузашт дар назди мақомоти дахлдори судӣ ва қудратӣ ҷавоб диҳанд».
Ёдовар мешавем, ки эътирозҳо дар Эрон охири соли 2025 дар пайи бад шудани вазъи иқтисодӣ, бахусус бинобар коҳиши шадиди қурби пули миллӣ оғоз ёфтанд. Баъдан онҳо ба бетартибиҳо табдил ёфтанд. Тибқи арзёбиҳои гуногун, дар бархӯрдҳои миёни пулис ва намоишгарон аз 3 ҳазор то 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, зиёда аз 10 ҳазор нафар боздошт шудаанд.