Бо супориши Президент ҷасади ҳафт шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар садама дар Русия ҳалок шудаанд, ба ватанашон расонда мешаванд

    Воқеаҳо 3 Sentabr 2024 1136

    Рӯзи якшанбеи гузашта дар қаламрави Федератсияи Русия бар асари садамаи нақлиётӣ 7 шаҳрванди Ӯзбекистон ба ҳалокат расиданд. Бо супориши Президент Шавкат Мирзиёев ҷасади қурбониён дар фурсати наздик ба Ватан интиқол дода мешавад. Дар ин бора аз сафорати Ӯзбекистон дар Русия хабар доданд.

    Таъкид мегардад, ки 1 сентябр дар шоҳроҳи федералии М-12 "Восток" дар ноҳияи Навашински вилояти Нижний Новгород (РФ) садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 8 нафар ба ҳалокат расиданд. 7 нафари онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд, 3 нафар ҷароҳат бардошта, дар муассисаҳои тиббӣ қарор доранд.

    Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати зудтар ҳал намудани тамоми масъалаҳои ташкилии вобаста ба баргардонидани ҷасади ҳалокшудагон ба Ватан дар ояндаи наздик чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

    Масъала таҳти назорати махсуси Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Сафорати Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Маскав қарор дорад, гуфта мешавад дар хабари намояндагии дипломатӣ.

    Барои расонидани кумаки зарурӣ роҳбарияти Консулгарии генералӣ дар Қазон ва намояндагиҳои Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

    Дар ҳолати зарурӣ барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед ба Маркази тамоси шӯъбаи консулии Сафорати Ӯзбекистон дар Маскав: +7 499 238-36-20; +7-499 230-00-76, инчунин Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Қазон: +7 843 526-55-63 муроҷиат кунед.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates