Барои кишоварзӣ то 1 гектар замин ба иҷора дода мешавад

    Қарори Президент “Дар бораи чораҳо оид ба рушди соҳибкории оилавӣ дар мевавусабзавотпарварӣ ва токпарварӣ, зиёд гардондани ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истеҳсолоти кишоварзӣ” аз 23 ноябри соли 2021 қабул гардид.

    Бо ин Қарор дар солҳои 2022-2025 ба фермерон ва кластерҳо ба захира 200 ҳазор гектар майдонҳои кишт, ки аз ҳосили пасти пахта ва ғалла ихтисор карда шудаанд, баргардонда хоҳад шуд.

    Заминҳои ба захира баргардонидашуда ба шаҳрвандон тавассути интихоби электронӣ ба андозаи аз 0,10 то 1 гектар барои парвариши сабзавот, зироатҳои полизӣ, лубиёгӣ, равғандор ва картошка ба иҷора дода мешаванд.

    Дар вақти ба иҷора додан ба оилаҳои эҳтиёҷманд, ки дар хоҷагии қишлоқ натичаҳои хуб ба даст овардаанд, ихтисос доранд ва инчунин ба «дафтарҳо» дохил карда шудаанд, афзалият дода мешавад.

    100 миллион доллар дар бонкҳо бо пули миллӣ бо ставкаи 10 фоиз ба муҳлати 10 сол бо имтиёзи 3 сол ҷойгир карда мешавад.

    Вом ба деҳқонону фермерон дода мешавад:

    • то 100 миллион сӯм аз рӯи ставкаи 14 фоиз;
    • барои боғу токзорҳои хурди интенсивӣ муҳлати имтиёзнок аз 3 сол то 7 сол, барои зироатҳои полизӣ, лубиёгӣ, равғандор, картошкаю сабзавот то 2 сол, бо давраи имтиёзӣ то 3 моҳ муқаррар карда мешавад.

    Кредитҳо дар асоси тавсияномаи хаттии ёварони навҷоришудаи ҳокимон дода мешаванд, хабар медиҳад канали ҳуқуқии Вазорати адлия.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates