Бо Ҷумҳурии Корея оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳ меморандум ба имзо расид

    Нақлиёт 19 Aprel 2022 1920

    Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаҳои нақлиёт, логистика ва рақамикунонӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини вазири нақлиёт Абдусамат Мӯъминов рӯзҳои 11-14 апрели соли равон ба Ҷумҳурии Корея сафар кард.

    Зимни ин сафар бо муовини вазири замин, нақлиёт ва инфрасохтори Ҷумҳурии Корея Ҷунг Сонг Вон, директори иҷроияи корпоратсияи "Korea Expressway Corporation" Чанг-бонг Ли, Президенти корпоратсияи рушди инфрасохтори хориҷӣ ва шаҳрҳо Кан Хун Ли, директори генералии банки экспорту импорти Корея Чунг Кю Парк гуфтушунидҳо гузаронида шуданд.

    Дар рафти суҳбат оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки шарикии давлатию хусусӣ дар соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, ислоҳоти низоми нақлиёти ҷамъиятии кишвар бо истифода аз таҷрибаи Корея, ба соҳа ҷорӣ намудани низоми интеллектуалӣ нақлиётӣ табодули афкор сурат гирифт.

    Инчунин имкониятҳои ҷалби маблағҳои муассисаҳои молиявии Корея ба лоиҳаҳои истиқболноки сармоягузорӣ ва грантӣ низ муфассал баррасӣ гардида, нақшаҳои мушаххас барои оянда муайян карда шуданд.

    Дар анҷоми музокирот байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ўзбекистон ва корпоратсияи "Korea Expressway Corporation", корпоратсияи оид ба рушди инфрасохтори хориҷӣ ва шаҳрҳои Корея меморандумҳо ба имзо расиданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates