Президент Шавкат Мирзиёев ва Сарвазир Виктор Орбан ба Изҳороти муштарак дар бораи рушди шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Венгрия имзо гузоштанд.
Дар ин ҳуҷҷат руҳи дӯстона, шаффоф ва конструктиви гуфтугӯҳо таъкид гардида, фаъолсозии ҳамаҷонибаи ҳамкории муфиди тарафайн пешбинӣ мегардад ва инчунин 30-солагии барқарор гардидани муносибати дипломатӣ қайд мегардад.
Ғайр аз ин, дар дараҷаи ҳукуматҳо, вазоратҳо ва идораҳои ду мамлакат 15 ҳуҷҷат ба имзо расид, ки минбаъд афзоиш додани муносибати шарикии стратегии Ӯзбекистону Венгрияро пешбинӣ менамояд. Аз он ҷумла:
– Барномаи муштарак доир ба рушди ҳамкории саноатӣ барои солҳои 2023-2024;
– Нақшаи ҳаракат доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология;
– Нақшаи ҳаракат доир ба вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ;
– Шартнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
– Шартнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи инкишофи илм.
Инчунин меморандумҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гумрук, адлия, ҳифзи муҳити зист, боғдорӣ ва хоҷагии гармхонадорӣ, ангурпарварӣ, сармоягузорӣ ва инчунин ҳамкорӣ байни Академияи идораи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи хидмати давлатии Венгрия, вилояти Самарқанд ва округи Ҳайду-Бихар, Маркази иттилоотиву таҳлилии муносибати байналхалқӣ ва Донишкадаи корҳои хориҷӣ ва савдо, Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд ва Донишгоҳи хоҷагии қишлоқ ва илмҳои табиии Венгрия ба имзо расиданд.