Ин ҳуҷҷат пойгоҳи ҳуқуқии ҳамкории Ӯзбекистон ва Аврупоро, ки бар асоси Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ аз соли 1996 буд, нав карда, ба таври назаррас тавсеа мебахшад.
Музокирот оид ба лоиҳаи Созишномаи нав моҳи феврали соли 2019 оғоз ёфта, моҳи июли соли 2022 ба анҷом расида буданд. Ҳуҷҷат 6 июли соли 2022 дар шаҳри Брюссел параф шуда буд.
Созишнома аз 9 бахш, 356 модда ва 14 замима иборат аст. Он қариб ҳамаи соҳаҳои муносибатҳои дуҷонибаро фаро мегирад ва барои тақвияти муколамаи сиёсӣ ва амиқтар кардани ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳои мутақобилан судманд, бо тамаркузи махсус ба тиҷорат ва сармоягузорӣ, рушди устувор, илм ва таълим, инноватсия ва технологияҳои баланд, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, заминаи васеи ҳуқуқиро фароҳам меорад.
Имзои ин созишнома дар муносибатҳои Ӯзбекистон ва ИА марҳалаи навро оғоз мебахшад ва шарикии бисёрҷанбаро ба сатҳи бесобиқа баланд мебардорад.











