баннер
24 Mar 2025
21:24

    Сарвазири Покистон ба пояи ёдгории Истиқлолият гул гузошт

    Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф баъд аз расидан ба Тошканд ҳамроҳи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ба боғи «Ӯзбекистони Нав» ташриф овард.

    Меҳмони баландпоя ба пояи ёдгории Истиқлолият гул гузошт.

    Дар аснои шиносоии кӯтоҳ бо маҷмаа ба аъзои ҳайати Покистон дар бораи образҳо ва рӯйдодҳои таърихие, ки дар ёдгорӣ таҷассум ёфтаанд, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

    Чорабиниҳои асосии сафари расмӣ пагоҳ, 26 феврал, баргузор мешаванд.

    Дар рӯзномаи музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои рушди минбаъда ва густариши шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Покистон, ҳамкории гуногунҷанба муҳокима хоҳанд шуд.

    Оид ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат мегирад.

    Дар натиҷаи ин ҳамоиш қабули Эъломияи муштарак ва як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба нақша гирифта шудааст.


    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech