баннер
26 Apr 2025
04:47

    Маросими расмии истиқболи Сарвазири Покистон баргузор шуд

    26 феврал дар Маркази конгресси байналмилалии шаҳри Тошканд маросими ботантанаи истиқболи расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо омадааст, баргузор гардид.

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олиқадрро самимона пазироӣ намуда, ӯро ба шоҳсуфа даъват кард. Оркестри ҳарбӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишварро иҷро намуд.

    Сарони давлатҳо аз назди сафҳои қаровули фахрӣ гузаштанд ва ба ҳамдигар аъзои ҳайатҳои расмиро муаррифӣ карданд.

    Баъди аксбардории муштарак музокирот дар формати маҳдуд оғоз шуд.


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech