Моҳи ноябри соли гузашта пулиси ду вилояти Қазоқистон мошинҳои “Cobalt”-ро аз ширкати “UzAuto Motors” харидорӣ карда буд. Акнун "Chevrolet Cobalt" ба кормандони ҳифзи ҳуқуқи Украина хидмат хоҳад кард.
Ширкати «Равон Моторс Украина», ки дистрибютори расмии сегменти оммавии «Chevrolet» дар Украина мебошад, барои таъмини фаъолияти полиси миллӣ интиқоли мошинҳои махсуси «Cobalt»-ро таъмин кардааст.
Ширкат қайд кард, ки сифати истифодабарии аълои ин мошин, нархи дастрас ва эътимоднокӣ омилҳои асосии харидории «Cobalt» аз ҷониби Департаменти полиси вилояти Киеви Украина буд, хабар медиҳад “UzAuto Motors”.