«Португалия расман ин рӯзи якшанбе давлати Фаластинро ба расмият шинохт. Дар ин бора вазири корҳои хориҷӣ Паулу Ранжел дар намояндагии Португалия дар СММ дар Ню-Йорк эълон кард», – омадааст дар хабар.
Ба гуфтаи манбаъ, ин қарор натиҷаи машваратҳо буд, ки дар онҳо мавқеи президент Марселу Ребелу де Соуза ва аксари кулли ҳизбҳои парлумонӣ ба ҳам омад. Лиссабон пуштибонии худро аз таъсиси ду давлати соҳибихтиёр – Исроил ва Фаластин – таъкид кард ва ҳамзамон «амалҳои террористии ваҳшиёнаи 7 октябри соли 2023»-ро дубора маҳкум намуд.
Гуфта мешавад, ки ин қарор якҷоя бо нуҳ кишвари дигар – Фаронса, Андорра, Австралия, Белгия, Канада, Люксембург, Малта, Британияи Кабир ва Сан-Марино қабул шудааст, хабар медиҳад ria.ru.