Масъулият барои иҷро накардани карорҳои судҳои маъмурӣ зиёд карда мешавад

    Қарори Президенти Ӯзбекистон аз 29 январи соли 2022 “Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд таъмин кардани ҳифзи самарабахши ҳуқуқи шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ, инчунин баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба судҳо" қабул гардид.

    Ба Суди олӣ супурда шуд, ки якҷоя бо Шӯрои олии судяҳо ва вазорату идораҳои манфиатдор ба ҳуҷҷатҳои қонунгузории мурофиавӣ тартибҳои зеринро ворид намоянд:

    амалӣ намудани мурофиаи судии маъмурӣ дар асоси принсипи «нақши фаъоли суд» бо ба зиммаи судҳои маъмурӣ гузоштани ӯҳдадории ҷамъоварии далелҳо бо ташаббуси худ оид ба равшан кардани ҳолатҳои воқеии парванда, фароҳам овардани шароит барои шаҳрвандон ё субъектҳои соҳибкорӣ, ки ҳуқуқҳои онҳо вайрон карда шудаанд, барои иштирок дар ҷамъоварии далелҳо дар доираи имконияташон;

    ба шаҳрвандон ё субъектҳои соҳибкорӣ, ки ҳуқуқашон поймол шудааст, дар баробари баҳсе, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии ҷамъиятӣ бармеоянд, ҳуқуқи додани даъво ба суди маъмурӣ оид ба руёнидани товони зарар дар сурати мавҷуд будани робитаи сабабият, инчунин додани ваколат оид ба баррасии чунин талабот ба суди маъмурӣ;

    нисбат ба шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳо ҳангоми аз ҷониби онҳо иҷро накардани қарорҳои судҳои маъмурӣ оид ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии оммавӣ бармеоянд, андохтани ҷаримаҳои судӣ;

    ҷорӣ намудани механизмҳои ноил шудан ба оштии тарафҳо оид ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии оммавӣ бармеоянд.

    Инчунин, бо мақсади пурзӯр намудани нақши судҳои маъмурӣ дар ҷомеа, ба ҳомиёни ҳақиқии шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ табдил додани онҳо пешбинӣ шудааст, ки:

    додани ҳуқуқи бастани созишномаи оштӣ ба ҷонибҳо оид ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии оммавӣ бармеоянд, дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои қонунӣ;

    аз тарафи мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳо иҷро намудани қарор оид ба парвандае, ки аз муносибатхои ҷамъиятии ҳуқуқӣ бармеояд, дар давоми як моҳ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани он ва ба суди маъмури хабар додан;

    татбиқи ҷаримаи судӣ нисбати шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳо барои риоя накардани санади судӣ оид ба парвандае, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии оммавӣ бармеояд;

    ба шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳо барои такроран иҷро накардани қарор аз рӯи парвандае, ки аз муносибатҳои ҷамъиятии ҳуқуқӣ бармеоянд, ба андозаи зиёдтари ҷаримаи судии аввал ситонидашуда татбиқ карда мешавад, хабар медиҳад "Norma".