Ҳукуматҳои Ӯзбекистон ва Венгрия ҳамкориҳоро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият медиҳанд

    Сайёҳӣ 5 May 2022 1440

    4 майи соли 2022 дар доираи ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ӯзбекистон ва Венгрия дар шаҳри Тошканд «Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Венгрия дар соҳаи туризм " ба имзо расид.

    Бояд гуфт, ки ин санад заминаи мустаҳками шартномавӣ-ҳуқуқӣ барои тавсеаи минбаъдаи шарикии соҳаҳои сайёҳии ду кишвар мегардад.

    Ҷонибҳо ҷиҳати амалӣ намудани ин созишнома ба мувофиқа расиданд, ки корҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои табодули сайёҳон, фаъол гардонидани робитаҳои тиҷорӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ, инчунин амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак оид ба омода намудани кадрҳо, дастгирии самтҳои нави сайёҳӣ ва таблиғи мутақобилаи самтҳо дар Узбекистон ва Венгрия тақвият бахшанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates