Мувофиқи интихоботи парлумонӣ, ки 27 октябри ҳамин сол баргузор гардид, палатаҳои болоӣ ва поёнии Олий Маҷлис дар таркиби нав ташкил шуданд.
Тибқи моддаи 116 Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва моддаи 7 Қонун «Дар бораи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон», Девони Вазирони амалкунанда ваколатҳои худро пеши Олий Маҷлиси навинтихобшуда гузошт.
Ҳамзамон, Девони Вазирон фаъолияти худро то ташкили ҳайати нав тибқи қарори Президенти кишвар бо мақсади таъмин намудани пайвастагӣ ва бефосилагии фаъолияти ҳукумат идома медиҳад.