Дар ин бора дафтари сарвазир хабар дод.
Ишиба 386 рӯз дар мақоми сарвазири Ҷопон кор кардааст.
Баъд аз чанд соат палатаи поёнии парламент ба сессияи ғайринавбатӣ даъват мешаванд, ки дар рафти он роҳбари нави ҳизби либерал-демократӣ Санае Такайчи сарвазир интихоб мегардад, ки аввалин сарвазир-зани Ҷопон хоҳад шуд. Як рӯз пеш аз овоздиҳӣ Ҳизби либерал-демократӣ, ки дар парламент намояндаи зиёд надорад, муяссар шуд, ки бо ҳизби консервативии «Ҷамъияти навсозии Ҷопон» иттифоқ баста, интихоб шудани Такайчиро таъмин намояд.
Санае Такайчи дар охири рӯз ҳукумати навро ташкил мекунад. Ба навиштаи расонаҳои Ҷопон, вазири корҳои хориҷӣ таъин гардидани Тошимитсу Мотеги, ки аз соли 2019 то соли 2021 дар мақоми сарвазир кор кардааст, пешбинӣ шудааст. Мотеги яке аз рақибони Такайчи дар интихоботи Ҳизби либерал-демократӣ буд. Бино ба гузоришҳо, рақиби дигари ӯ дар интихоботи дохилии ҳизб Шинҷиро Коидзуми 44-сола (писари сарвазири собиқ Ҷуничиро Коидзуми) вазири дифоъ мешавад ва ҷавонтарин роҳбарии вазорати дифои Ҷопон хоҳад шуд.