Маълумки, солҳои охир муносибатҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ байни Ўзбекистон ва АМА ба зинаи нав баромад. Сафари расмии сарвари давлат ба ин кишвар дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар саҳифаи нав кушода, ба густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба такони қавӣ бахшид.
Зимни мулоқот доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, рейтингҳои байналмилалӣ, идоракунии давлатӣ, инчунин васеъ намудани ваколатҳои занон ва рушди соҳибкории занон табодули афкор сурат гирифт.
Зимни суҳбат пешниҳод шуд, ки ҷанбаҳои амалии муносибатҳо, аз ҷумла, рушди соҳибкории занон ва имкони татбиқи муштараки барномаҳо дар дигар самтҳо тавассути семинару лоиҳаҳои махсус баррасӣ карда шавад.
Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи бисёрҷониба, аз ҷумла дар соҳаи таъмини баробарии гендерӣ якдилона изҳори назар карданд.
Раиси Сенат Мона Ганем Ал Марриро барои иштирок дар Форуми занони Осиё, ки дар Самарқанд баргузор мешавад, даъват кард.