Масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ байни Ўзбекистон ва "СММ-занон", аз ҷумла, фаъолсозии минбаъдаи фаъолияти ин созмон дар кишвари мо, татбиқи муштараки лоиҳаҳои истиқболбахш дар соҳаи таъмини баробарии гендерӣ баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, солҳои охир дар Ӯзбекистон барои ноил шудан ба баробарии гендерӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои онҳо корҳои мунтазам анҷом дода мешаванд ва дар ин самт тавсияҳои СММ нақши муҳим доранд.
Таъкид гардид, ки Стратегияи ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нақшаи стратегии СММ барои солҳои 2022-2025 оид ба ноил шудан ба баробарии гендерӣ ва густариши ҳуқуқ ва имкониятҳои занон дар саросари ҷаҳон мувофиқат мекунад.
Сима Сами Бахус қайд кард, ки созмони "СММ-занон" Ӯзбекистонро шарики калидӣ дар минтақа мешуморад ва омода аст дар таҳаввулоти васеъмиқёс ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар кишвар фаъолона ҳамкорӣ кунад. Бо дарназардошти нақши назарраси Тошканд дар масъалаҳои иштироки занон дар таъмини сулҳу амният, аз густариши ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби Муколамаи занони пешвои кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
- Бо дарназардошти пешрафти назаррасе, ки Ӯзбекистон дар таъмини баробарии гендерӣ ба даст овардааст, мо кишвари шуморо пуле мешуморем, ки метавонад дар рушди масъалаҳои гендерӣ дар байни кишварҳои минтақа нақши пайвасткунанда бозад», - қайд кард Сима Сами Бахус.
Дар хотимаи мулоқот оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории Ўзбекистон ва созмони "СММ- занон" бо роҳи татбиқи лоиҳаҳои амалӣ мувофиқа ҳосил шуд.